Маркази тарҷумаи Равод — 513
48:16 [Эй Паёмбар] Ба мутахаллифон бигӯ: «Ба зудӣ ба муқобила бо гурӯҳе ҷанговар фаро хонда хоҳед шуд, ки ононро аз пой дароваред, магар ин ки таслим шаванд; агар итоат кунед, Аллоҳ таоло подоши накуе ба шумо хоҳад дод; ва агар ҳамчун гузашта сарпечӣ кунед, шуморо бо азобе дарднок муҷозот хоҳад кард»
48:17 Бар нобино ва ланг ва бемор гуноҳе нест [ки дар ҷанг ширкат накунанд]; ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ҳар ки сарпечӣ кунад, ба азобе дарднок муҷозоташ хоҳад кард
48:18 Аллоҳ таоло аз муъминоне, ки дар канори он дарахт [дар Ҳудайбия] бо ту байъат карданд, хушнуд шуд ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад; аз ин рӯ оромиш бар онон фуру фиристод ва ба пирӯзии наздик [дар Хайбар] подошашон дод
48:19 ва [ҳамчунин] ғаниматҳои фаровоне, ки ба даст меоварданд; ва Аллоҳ таоло ҳамвора шикастнопазир [ва] ҳаким аст
48:20 Аллоҳ таоло ғаниматҳои фаровонеро ба шумо ваъда дод, ки [дар оянда] ба онҳо даст хоҳед ёфт; пас, ин [пирӯзӣ ва ғаниматҳои Хайбар]-ро барои шумо зудтар фароҳам сохт ва дасти [тааддӣ ва таҷовузи] душманро аз шумо кӯтоҳ намуд, то барои муъминон нишонаи [аз лутфи илоҳӣ] бошад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад
48:21 Ва [ҳамчунин ғаниматҳои] дигаре [дар интизори шумост], ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед ва Аллоҳ таоло бар онҳо иҳота дорад [ва аз онҳо огоҳ аст]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
48:22 Агар кофирон ба ҷанги шумо биёянд [аз таваккал ва салобати шумо] пушт карда ва мегурезанд; пас, аз он низ ҳеҷ корсоз ва ёваре нахоҳанд ёфт
48:23 Ин суннати илоҳӣ аст, ки пештар низ ҷорӣ будааст; ва ҳаргиз дар суннати илоҳӣ тағйир ва табдиле нахоҳӣ ёфт