Маркази тарҷумаи Равод — 512
48:10 Бе тардид, касоне, ки бо ту байъат мекунанд, дар ҳақиқат, бо Аллоҳ таоло байъат мекунанд; дасти Аллоҳ таоло болои дастҳои онон аст. Ҳар ки [пас аз байъат] паймоншиканӣ кунад, ба зиёни хеш паймон шикастааст; ва ҳар ки ба паймонаш [дар асоси ёрии дини Аллоҳ таоло ва паёмбараш] вафо кунад, ба зудӣ [Аллоҳ таоло] подоши бузурге ба ӯ хоҳад дод
48:11 Бодияшинони мутахаллиф [ки аз ширкат дар сафари Макка ва сулҳи Ҳудайбия худдорӣ кардаанд, барои тавҷеҳи кори худ] хоҳанд гуфт: «[Муҳофизати] Амвол ва хонаводаамон моро гирифтор кард; бароямон омурзиш бихоҳ». Онон чизе, ки дар дилҳояшон нест, бар забон меоваранд. Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло ирода кунад, ки ба шумо зиён ё суде бирасад, кист, ки дар муқобили [хости] Аллоҳ таоло аз шумо дифоъ кунад? Оре, Аллоҳ таоло аз он чӣ мекунед, огоҳ аст»
48:12 [Узратон ин набуд;] Балки гумон мекардед, ки Паёмбару муъминон [-и ҳамроҳаш аз ин сафари хатарнок] ҳаргиз назди хонаводаи хеш бознахоҳанд гашт; ва ин [андеша] дар дилҳоятон ороста шуд ва гумони бад бурдед [ки Аллоҳ таоло динашро ёрӣ нахоҳад кард; пас, ба хато рафтед] ва ҳалок шудед
48:13 Ҳар ки ба Аллоҳу паёмбараш имон наоварад, пас, [бидонад, ки] мо барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем
48:14 Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ҳар киро бихоҳад меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
48:15 [Эй муъминон] Ҳангоме ки озим [-и Хайбар ва] ба гирифтани ғанимат мешавед, мутахаллифон [аз сафари Макка] хоҳанд гуфт: «Иҷозат диҳед, мо низ ба дунболи шумо биёем». Онон мехоҳанд, каломи илоҳиро тағйир диҳанд. [Эй Паёмбар] Ба эшон бигӯ: «Шумо ҳаргиз ба дунболи мо нахоҳед омад [зеро ин ғаниматҳо махсуси касоне аст, ки дар Ҳудайбия ҳузур доштанд ва дар бораи ин ҳукм] Аллоҳ таоло қаблан чунин фармудааст»; он гоҳ хоҳанд гуфт: «[На] Балки шумо нисбат ба мо ҳасад меварзед». [Ҳаргиз чунин нест] Балки ҷуз иддаи каме [аз онон авомири илоҳиро] дарнамеёбанд