Маркази тарҷумаи Равод — 51
3:10 Дар ҳақиқат, касоне, ки куфр варзиданд, амволу фарзандонашон чизе аз [азоби] Аллоҳро аз онон дур нахоҳад кард ва онон худ ҳезуми оташ [-и дӯзах] ҳастанд
3:11 [Шеваи ин кофирон] Ҳамчун шеваи хонадони Фиръавн ва [равиши] касонест, ки пеш аз онҳо буданд: Оёти моро такзиб карданд; пас, Аллоҳ таоло ононро ба [сазои] гуноҳонашон азоб кард; ва Аллоҳ таоло [нисбат ба кофирон] сахткайфар аст
3:12 Ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ: "Ба зудӣ [аз муъминон] шикаст хоҳед хӯрд ва [он гоҳ дар қиёмат] ба сӯйи ҷаҳаннам маҳшур мешавед; ва чи бад ҷойгоҳе аст"!
3:13 Ҳатман, дар [рӯёрӯйи] ду гурӯҳе, ки [дар Бадр] бо ҳам рӯбарӯ шуданд, нишона [ва ибрат]-е барои шумо буд; як гурӯҳ дар роҳи Аллоҳ таоло меҷангид ва [гурӯҳи] дигар кофирон буданд. Онҳо ба чашми худ [муъминонро] ду баробари он чи буданд, медиданд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бо ёрии худ таъйид мекунад. Ба ростӣ, дар ин [моҷаро] барои аҳли биниш, ибрате аст
3:14 Ишқ ба хостаниҳо [-и моддӣ], аз [ҷумла] занону фарзандон ва амволи ҳангуфт – аз тилло ва нуқра ва аспҳои нишондор ва домҳову киштзор [ҳо] – барои мардум ороста шудааст. Ин [ҳама, лаззатҳо ва] колои [зудгузари] зиндагии дунёст ва [ҳол он ки] саранҷоми нек назди Аллоҳ таоло аст
3:15 [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Оё [мехоҳед] шуморо аз чизе огоҳ кунам, ки аз ин [дороиҳо ва лаззатҳои моддӣ] беҳтар бошад"? Касоне, ки тақво пеша кардаанд, назди Парвардигорашон боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо равон аст; ҷовидона дар он хоҳанд буд ва ҳамсарони покиза [ва беайб доранд] ва [ҳамчунин] аз хушнудии Аллоҳ таоло [бархӯрдоранд]; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност