Маркази тарҷумаи Равод — 509
47:20 Муъминон мегӯянд: «Чаро сурае [дар бораи иҷозати ҷиҳод] нозил намешавад?» Аммо ҳангоме ки оёти сареҳе дар мавриди ҷанг нозил мегардад, [мунофиқону] бемордилонро мебинӣ, ки ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг дар ҳоли беҳушӣ шуда бошад, ба ту менигаранд, [маргу азоби илоҳӣ] бар онон шоистатар аст
47:21 Итоату гуфтори шоиста [беҳтар аст] ва чун тасмими қатъӣ [-и ҷиҳод] гирифта шавад, агар [дар тааҳҳуди худ] бо Аллоҳ таоло содиқ бошанд, барои онон [аз нифоқ ва саркашӣ] беҳтар аст
47:22 [Эй мунофиқон] Оё [ҷуз ин] интизор доред, ки агар [аз Қуръону суннати паёмбараш] рӯй бигардонед, дар замин табоҳӣ кунед ва аз хешовандонатон бибуред?
47:23 Инон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [бо дурӣ аз раҳмати хеш] лаънаташон кардааст, пас, [гӯши дили] эшонро кар ва чашми [дили] ононро кӯр сохтааст
47:24 Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қуфлҳо[-и ғафлат] ниҳода шудааст?
47:25 Касоне, ки пас аз равшан шудани [роҳи] ҳидоят ба роҳи пешини хеш бозгаштаанд [ва муртад шуданд], шайтон [аъмоли зишташонро] барояшон ороста ва [бо орзуҳои дароз] фиребашон додааст
47:26 Ин [ҷаҳлу гумроҳӣ] бад-он хотир аст, ки мунофиқон ба мушриконе, ки аз ваҳйи илоҳӣ кароҳат доштанд, гуфтанд: «Мо дар бархе аз умур аз шумо пайравӣ мекунем» ва Аллоҳ таоло пинҳонкориашонро медонад
47:27 Пас, он гоҳ ки фариштагони илоҳӣ бар чеҳра ва пушташон мезананд ва ҷонашонро мегиранд, [ҳоли ин мунофиқон] чи гуна хоҳад буд?
47:28 Ин [кайфар] аз он рӯст, ки онон пайрави роҳе шуданд, ки Аллоҳро ба хашм меоварад ва аз анҷоми корҳое, ки муҷиби хушнудии илоҳӣ мешавад, кароҳат доштанд. Пас, [Аллоҳ таоло низ натиҷаи] корҳояшонро табоҳ сохт
47:29 Оё бемордилон [-и мунофиқ] пиндоштаанд, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз кинаҳояшонро ошкор нахоҳад сохт?