Маркази тарҷумаи Равод — 508
47:12 Аллоҳ таоло муъминони накукорро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва кофирон [танҳо дар дунё] баҳраманд мешаванд ва ҳамчун чаҳорпоён мехӯранд ва оташ [-и дузах] ҷойгоҳашон аст
47:13 Ва чи бисёр шаҳрҳое, ки сокинонаш аз [мардуми] шаҳри ту, ки берунат кардаанд, тавонмандтар буданд. Мо ҳалокашон кардем ва [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре надоштанд
47:14 Оё касе, ки бар шеваи равшане аз ҷониби Парвардигори хеш аст, ҳамчун касоне аст, ки зиштии рафторашон дар назарашон ороста шуда ва аз ҳавасҳои хеш пайравӣ мекунанд?
47:15 Васфи биҳиште, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] дар он ҷӯйборҳое ҷорӣ аст, ки таъми обаш тағйирнопазир аст ва ҷӯйборҳое аз шир, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки мояи лаззати нӯшандагон аст ва ҷӯйборҳое аз асали ноб ва дар он ҷо ҳамаи [анвои] меваҳо дар дастрасашон аст ва [аз ҳама бартар] омурзиши Парвардигорашон. Оё [биҳиштиён] чун сокинони ҷовидони дузаханд, ки обе чунон ҷӯшон ба онон менӯшонанд, ки рӯдаҳояшонро муталошӣ [пора-пора] мекунад?
47:16 [Эй Паёмбар] бархе аз мунофиқон ба [гуфтори] ту гӯш фаро медиҳанд ва чун аз ҳузурат хориҷ мешаванд, ба аҳли дониш [бо тамасхур] мегӯянд: «[Фаҳмидед] Лаҳазоте пеш чи мегуфт?» Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳри [ғафлат] ниҳодааст ва онон аз ҳавасҳои хеш пайравӣ кардаанд
47:17 Аллоҳ таоло бар ҳидояти парҳезкорон меафзояд ва парҳезкориашон [-ро қувват] мебахшад
47:18 Оё кофирон ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат ногаҳон бар онон фаро расад, дар ҳоле ки нишонаҳои он ошкор шудааст? Пас, он гоҳ ки қиёмат фаро расад, панд гирифтанашон чи суде хоҳад дошт?
47:19 [Эй Паёмбар] бидон, ки маъбуде [ба ҳақ] ба ҷуз Аллоҳ таоло нест ва барои гуноҳи хеш ва [гуноҳи] мардон ва занони муъмин омурзиш бихоҳ ва [ба ёд дошта бош, ки] Аллоҳ таоло маҳалли рафтуомад [-и рӯзона] ва оромидан [-и шабона]-и шуморо медонад