>

Маркази тарҷумаи Равод — 507

47:1 Аллоҳ таоло талоши кофиронро, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд, табоҳ мекунад

47:2 Ва онон, ки муъмин ва накукор буданд ва ба оёти ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон бар Муҳаммад нозил шудааст, имон овардаанд, бадиҳояшонро мезудояд ва умур [-и дунё ва дин]-ашонро сомон мебахшад [ва ислоҳ мекунад]

47:3 Ин [подош ва ҷазо] бад-он сабаб аст, ки кофирон пайрави ботил шуданд ва муъминон пайрави [оёти] ҳаққи Парвардигорашон. Аллоҳ таоло барои мардум масалҳояшонро чунин баён мекунад

47:4 Чун бо кофирон [дар майдони ҷанг] рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед [ва ҷангро идома диҳед], то он ки [бисёре аз онҳоро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурӯкаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо дар баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад

47:5 Аллоҳ таоло [ба роҳи рост] ҳидояташон хоҳад кард ва умурашонро сомон хоҳад бахшид

47:6 ва ононро ба биҳиште, ки [авсофашро] барояшон баён кардааст, ворид хоҳад намуд

47:7 Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину Паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад

47:8 Ва бар кофирон нагунсорӣ ва ҳалок бод! Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад

47:9 Зеро он чиро, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, хуш надоштанд, пас, Аллоҳ таоло низ аъмолашонро табоҳ намуд.

47:10 Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Аллоҳ таоло [хонаҳояшонро] бар сарашон вайрон кард [ва ононро нобуд сохт] ва ин кофирон [низ кайфаре] ҳаммонанди он [дар пеш] хоҳанд дошт

47:11 Зеро Аллоҳ таоло [ёвару] корсози муъминон аст, ва[-ле] кофирон ҳеҷ корсозе надоранд