>

Маркази тарҷумаи Равод — 506

46:29 [Эй Паёмбар, ба ёд овар] ҳангоме ки гурӯҳе аз ҷинро сӯйи ту фиристодем, ки Қуръонро бишунаванд, пас, чун назди паёмбар ҳузур ёфтанд, [ба якдигар] гуфтанд: «Хомӯш бошед [то ба оёти Қуръон гӯш фаро диҳем] ва чун [тиловаташ] ба поён расид, назди қавми худ бозгаштанд, то ба онон [дар мавриди авоқиби сарпечӣ аз фармони ҳақ] ҳушдор диҳанд

46:30 Гуфтанд: «Эй қавм, мо [оёти] китоберо шунидем, ки пас аз Мӯсо нозил шудааст ва китобҳо [-и осмонӣ]-и пеш аз худро тасдиқ мекунад ва ба [сӯйи] ҳаққу роҳи рост ҳидоят менамояд

46:31 Эй қавм, [суханони тавҳидии] ин даъватгарро, ки ба сӯйи Аллоҳ таоло фаро мехонад, бипазиред ва ба ӯ имон оваред, то [Аллоҳ таоло] бархе аз гуноҳонатонро бибахшад ва шуморо аз азобе дарднок дар амон бидорад

46:32 Ва ҳар ки [суханони] даъватгареро, ки ба сӯйи Аллоҳ таоло фаро мехонад, напазирад [ва ба вай имон наоварад, ҳаргиз Аллоҳро] дар замин ба танг намеоварад ва дар баробари Аллоҳ таоло [ёвар ва] корсозе нахоҳад дошт. Чунин касоне дар гумроҳии ошкоранд»

46:33 Оё мушрикон надидаанд [ва намедонанд], Аллоҳ таоло, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз офариниши онҳо дармонда нашуд, қодир аст, ки мурдагонро низ зинда кунад? Оре, Ӯ бар ҳар коре тавоност

46:34 Рӯзе, ки кофирон бар оташ арза мешаванд [аз онон пурсида мешавад]: «Оё ин оташ ҳақ нест [ва ҳақиқат надорад]?» Онон мегӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон [ки чунин аст]». [Он гоҳ Аллоҳ таоло] Мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки [қиёматро] инкор мекардед, азобро бичашед»

46:35 Пас, [эй Паёмбар] ту низ ҳамчун паёмбарони улулазм [ки ҳамвора собитқадам буданд, дар баробари озору такзиби қавмат] шикебо бош ва дар мавриди [дархости азоби] онон шитоб накун. Рӯзе, ки [ин кофирон] азоби мавъудашонро [дар ҷаҳони охират] бубинанд, [кайфарашон чунон тӯлонӣ аст, ки] гӯӣ фақат бахше аз рӯзро [дар дунё] ба сар бурдаанд. Ин Қуръон паёми [умумӣ барои ҷинну инс] аст. Оё ҷуз нофармонон ҳалок мешаванд?