Маркази тарҷумаи Равод — 505
46:21 [Эй Паёмбар, саргузашти Ҳуд] бародари қавми Одро ёд кун, он гоҳ ки дар сарзамини «Аҳқоф» [регзоре дар Яман] қавмашро ҳушдор медод, дар ҳоле ки ҳушдордиҳандагони [дигаре низ] дар гузаштаҳои наздик ва дур омада буданд [ва чунин мегуфт], ки: «Танҳо Аллоҳро бипарастед, ки ман аз азоби рӯзи бузурге бар шумо метарсам»
46:22 Онон гуфтанд: «Оё омадаӣ, ки моро аз [парастиши] маъбудонамон бозгардонӣ? Агар рост мегӯӣ, азобе, ки ба мо ваъда медиҳӣ, пеш овар»
46:23 [Ҳуд] гуфт: «[Вақти нузули азобро] Фақат Аллоҳ таоло медонад ва ман паёмеро, ки маъмур [-и иблоғ]-и он шудаам, ба шумо мерасонам, вале шуморо гурӯҳе нодон мебинам»
46:24 Ва чун он [азоб]-ро, ки ба сурати абре дар ҷиҳати [дашту] дарраҳо [-и ҳосилхез]- ашон пеш меомад, мушоҳида карданд, [бо шодмонӣ] гуфтанд: «Ин абрест, ки [раҳмате] бар мо меборад». [Ҳуд гуфт: на] Балки ҳамон [азобе] аст, ки барои расиданаш шитоб доштед; тундбодест, ки азобе дарднок бо худ дорад
46:25 [Тӯфонест, ки] Ҳар чизеро ба фармони Парвардигораш дар ҳам мекӯбад». Он гоҳ чунон [ҳалок] шуданд, ки ҷуз хонаҳо [-и вайрон]-и онон, асаре ба чашм намехӯрад. Мо гунаҳкоронро ин гуна кайфар медиҳем
46:26 Ба қавми [мунқаризшудаи] Од чунон сарвату қудрате дода будем, ки ба шумо [маккагиён ҳаргиз] надодаем ва бо он ки ба онон низ чашму гӯш ва дил дода будем, аммо гӯшу чашм ва дилҳояшон суде ба ҳолашон надошт, зеро оёти илоҳиро инкор мекарданд ва [саранҷом] азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон шуд
46:27 [Бисёре аз мардуми] шаҳрҳои перомуни шумо [маккагиён]-ро ҳалок кардем, ва [-ле қаблан] нишонаҳо [ва далоили тавҳид]-ро ба шаклҳои мухталиф дар миён овардем, бошад, ки [аз куфру гумроҳӣ] бозгарданд
46:28 Пас, чаро бутҳое, ки [мушрикон ононро] барои тақарруб [ба Аллоҳ таоло] маъбудони худ гирифтаанд, [ба ҳангоми бало] ёриашон накарданд? Балки аз назарашон нопадид шуданд ва [саранҷоми] дурӯғҳову туҳматҳояшон ҳамин буд