Маркази тарҷумаи Равод — 504
46:15 Ба инсон супориш кардем, ки дар мавриди падару модараш ба шоистагӣ некӣ кунад, [ба вижа] модар, ки ба душворӣ бори ҳамли ӯро бар уҳда дорад ва бо душворӣ вазъи ҳамл мекунад ва [даврони] бордорӣ ва ширхорагиаш [ҷамъан ҳудуди] сӣ моҳ аст. [Ӯ парвариш меёбад] то ба ҳадди рушд бирасад ва дар чиҳилсолагӣ [ки тавони ҷисмӣ ва зеҳниаш комил аст] мегӯяд: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки ба ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷо оварам ва кори шоистае анҷом диҳам, ки аз он хушнуд гардӣ ва фарзандонамро шоиста гардон. Ба даргоҳат [тавба намуда ва] бозгаштаам ва таслими [фармонат] ҳастам»
46:16 Онон касоне ҳастанд, ки Мо некутарин корҳояшонро мепазирем ва аз гуноҳонашон мегузарем ва дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ин ваъдаи ростест, ки ба он навид дода шудаанд
46:17 Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо! Чи гуна ба ман ваъда медиҳед ки [аз гӯр] берун оварда хоҳам шуд, дар ҳоле ки пеш аз ман наслҳои фаровоне рафтанд [ва боз нагаштанд]?» Падару модараш ба даргоҳи илоҳӣ зорӣ мекунанд [ки фарзандашонро ҳидоят кунад ва ба ӯ мегӯянд] «Вой бар ту! Имон биёвар, ки ваъдаи илоҳӣ рост аст», [аммо] ӯ посух медиҳад: «Ин [ваъдаҳо] фақат афсонаҳои пешиниён аст»
46:18 Ин афрод, дар зумраи гурӯҳҳое аз ҷинну инс ҳастанд, ки пештар фармони азоби илоҳӣ дар мавридашон таҳаққуқ ёфтааст. Бе гумон, онон зиёнкор буданд
46:19 Ҳар гурӯҳ [биҳиштӣ ё дузахӣ] дараҷоте бар ҳасби аъмолашон доранд [то ҳаққе зоеъ нагардад]. Ва Аллоҳ таоло аъмолашонро ба тамомии пурагӣ медиҳад, бе он ки дар ҳаққашон ситаме шавад
46:20 Рӯзе, ки кофирон бар оташ арза мешаванд [ба онон хитоб мешавад]: «Неъматҳои покизаи худро дар зиндагии дунё аз байн бурдед ва аз онҳо баҳраманд шудед, пас, имрӯз ба хотири бартариҷӯии ноҳақ ва инҳирофе, ки дар замин доштед, бо азобе дарднок муҷозот мешавед»