Маркази тарҷумаи Равод — 503
46:6 Ва чун [дар қиёмат] мардум эҳзор шаванд, он маъбудон [-и ботил] душманонашон хоҳанд буд ва ибодаташонро инкор хоҳанд кард
46:7 Ва чун оёти равшангари Мо бар кофирон хонда мешуд, онон дар мавриди сухани ҳаққе, ки бад-эшон расидааст, мегӯянд: «Ин ҷодуе ошкор аст»
46:8 Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро худ ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] аст». [Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Агар ман онро ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] бошам, пас, шумо наметавонед дар баробари [азоб ва хашми] Аллоҳ таоло аз ман дифоъ кунед. Аллоҳ таоло ба он чи шумо дар борааш суханчинӣ мекунед, огоҳтар аст ва ба унвони гувоҳ байни ману шумо кофист ва Ӯ омурзгори меҳрубон аст»
46:9 Бигӯ: «Ман падидаи навзуҳур дар миёни паёмбарон нестам ва намедонам сарнавишти ман ва шумо чи хоҳад шуд, танҳо аз он чи ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам ва фақат ҳушдордиҳандаи ошкорам»
46:10 Бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Қуръон аз сӯйи Аллоҳ таоло [расида] бошад ва бо ин ки шоҳиде аз Бани Исроил мушобиҳаташро [бо Таврот] гувоҳӣ дода ва имон оварда бошад ва Шумо дар баробараш инкор ва такаббур кунед, [оё гумроҳ ва ситамгар нестед]? Бе гумон, Аллоҳ таоло ситамгоронро ҳидоят нахоҳад кард»
46:11 Кофирон ба муъминон мегӯянд: «Агар Қуръон шоистагӣ дошт, онон [ки бардагон ва фақироне ночизанд] дар пазиришаш бар мо сабқат намегирифтанд». Ва чун бад-он ҳидоят наёфтаанд, мегӯянд: «Ин Қуръон дурӯғи қадимӣ аст»
46:12 Дар ҳоле ки пеш аз Қуръон китоби Мӯсо роҳнамо ва раҳмат буд ва ин [Қуръон] китобест, ки [Тавротро] ба забони [шевои] арабӣ тасдиқ мекунад, то ба ситамгорон ҳушдор диҳад ва барои некукорон башорат бошад
46:13 Касоне, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ таоло аст», он гоҳ [аз бандагии ғайри Ӯ сар боз заданд ва бар эътиқоди худ] пой фишурданд, тарсу андӯҳе нахоҳанд дошт
46:14 Онон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ин подоши аъмолест, ки анҷом додаанд