Маркази тарҷумаи Равод — 502
45:33 Рафтори зишташон бар онон ошкор мешавад ва азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон хоҳад шуд
45:34 [Ба онон] гуфта мешавад: «Имрӯз [дар азоби дузах] раҳоятон мекунем, чунонки шумо [низ дар дунё нисбат] ба дидори имрӯз беэътино будед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёваре нахоҳед дошт
45:35 Ин [гирифторӣ] аз он рӯст, ки оёти илоҳиро масхара мекардед ва зиндагии дунё фиребатон дода буд». Имрӯз [кофиронро] аз оташ берун нахоҳанд овард ва аз онон дархости пузиш намешавад
45:36 Пас, ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, Парвардигори осмонҳо ва замин ва тамоми ҷаҳониён
45:37 Бузургӣ дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
46:1 Ҳо, мим.[1]
46:2 Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст
46:3 Осмонҳо ва замин ва он чиро, ки байни онҳост, ба ҳақ [ва ҳадафманд] ва барои муддати муайяне офаридаем, ва [-ле] кофирон аз он чи ба эшон ҳушдор шуда, рӯйгардонанд
46:4 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред»
46:5 Кист гумроҳтар аз он ки ба ҷойи Аллоҳ таоло афродеро [ба ниёиш] мехонад, ки то рӯзи қиёмат низ посухашро намедиҳанд ва аз дархосташон бехабаранд?