>

Маркази тарҷумаи Равод — 501

45:23 Оё он касеро дидаӣ, ки огоҳона ҳавои нафсашро ба ҷойи маъбуди худ нишонда [ва таслими он шуда] аст? Аллоҳ таоло низ ӯро гумроҳ сохт ва бар гӯшу дилаш муҳри [ғафлат] ниҳод ва бар дидааш пардае кашид. [Агар Аллоҳ таоло ҳидояташ накунад] пас, аз Аллоҳ таоло чи касе ҳидояташ хоҳад кард? Оё панд намегиред?

45:24 [Мушрикон] мегӯянд: «Ҷуз зиндагии дунёи мо ҳеҷ [хабаре] нест. Зиндагӣ мекунем ва мемирем ва ин гардиши рӯзгор аст, ки моро ба коми марг мебарад». Онон дар мавриди ин [амр] бе иттилоанд ва фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд

45:25 Ва чун оёти равшангари Мо [дар мавриди қиёмат] бар онон хонда мешавад, далели [инкор]- ашон фақат ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ниёгонамонро [зинда кунед ва] бозгардонед»

45:26 [Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки шуморо ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад. Он гоҳ шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ тардид дар он нест, ҷамъ мекунад, вале бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд»

45:27 Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиёнкор хоҳанд буд

45:28 [Дар он рӯз] ҳар гурӯҳеро [аз ваҳшати ҳисобу ҷазо хору] ба зонударомада мебинӣ, ҳамаро барои [гирифтани] номаи аъмолашон фаро мехонанд [ва ба онон хитоб мешавад]: «Имрӯз шумо дар баробари он чи кардаед, ҷазо мебинед

45:29 Ин номаи [аъмоли шумо назди] мост, ки ба ҳақ бар шумо гувоҳӣ медиҳад. Мо [тамоми] амалкардатонро [дақиқан] сабт мекардем

45:30 Муъминони некукорро Парвардигорашон фарогирифтаи раҳмати хеш қарор хоҳад дод. Ин ҳамон комёбии ошкор аст

45:31 Вале [ба] кофирон [хитоб мешавад]: «Магар на ин буд, ки дар баробари оёти Ман, ки бар шумо арза мешуд, гарданкашӣ мекардед ва гурӯҳе базаҳкор будед?

45:32 Ва чун гуфта мешуд: «Ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст ва [дар вуқуи] қиёмат ҳеҷ тардиде нест», мегуфтед: Намедонем қиёмат чист, фақат тасаввуре [дар] ин маврид] дорем, ва [-ле] ба яқин нарасидаем»