>

Маркази тарҷумаи Равод — 500

45:14 [Эй Паёмбар] ба муъминон бигӯ: «Аз касоне, ки ба рӯзҳои Аллоҳ таоло [рӯзҳои пирӯзӣ бар куфру интиқом аз мушрикон] умеде надоранд, даргузаранд, то [Аллоҳ таоло ба мавқеи худ ҳар] гурӯҳеро дар баробари он чи ки анҷом додаанд, сазо диҳад»

45:15 Ҳар ки кори шоистае анҷом диҳад, ба суди худ ва ҳар ки кори баде кунад, ба зиёни худ кардааст. Он гоҳ [барои муҳосиба ва ҷазо] ба пешгоҳи Парвардигоратон бозгардонида мешавед

45:16 Ба Бани Исроил Таврот ва [илму] доварӣ [байни мардум] ва нубувват бахшидем ва аз неъматҳои покиза рӯзиашон додем ва ононро [ба мавҳибати тавҳид] бар мардуми замона бартарӣ бахшидем

45:17 Ва дар амри [бозшиносии ҳақ аз ботил], оёти равшане дар ихтиёрашон қарор додем, вале онон ба далели ҳасад ва бартарихоҳӣ, ки байнашон буд, ихтилоф варзиданд ва бе тардид, Парвардигорат рӯзи қиёмат дар мавориди ихтилофашон миёни онон доварӣ хоҳад кард

45:18 Он гоҳ туро бар равише [равшан ва комил] аз амри [дин] қарор додем, пас, пайрави ҳамон роҳ бош ва аз ҳавасҳои нодонон пайравӣ накун

45:19 Онон дар баробар [-и азоб]-и Аллоҳ таоло барои ту ҳеҷ фоидае надоранд. Ситамгорон [ёвару] корсози якдигаранд ва Аллоҳ таоло корсози парҳезкорон аст

45:20 Ин [Қуръон] мояи басирати мардум аст ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин

45:21 Оё касоне, ки муртакиби корҳои ношоиста шуданд, пиндоштаанд, ки ҳамтирози муъминони некукор қарорашон медиҳем, ба гунае ки зиндагӣ ва маргашон [бо онон] яксон бошад? Чи бад доварӣ мекунанд!

45:22 Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро [ҳадафманд ва] ба ҳақ офарид, то [ҳама озмоиш шаванд] ва ҷазои дастовардҳои ҳама [бандагон] дода шавад, бидуни он ки зулме ба онон шавад