Маркази тарҷумаи Равод — 50
3:1 АЛМ [Алиф, Лом, Мим].[1]
3:2 Аллоҳ таоло [маъбуди ростин] аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст
3:3 Ин китоб [Қуръон]-ро, ки таъйидкунандаи китобҳои [осмонии] пешин аст, ба дурустӣ бар ту нозил кард ва Тавроту Инҷилро…
3:4 Пеш аз он [Тавроту Инҷилро] барои ҳидояти мардум нозил кард; ва [низ] Фурқонро [Қуръон, ки ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст] нозил намуд. Касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло кофир шуданд, азоби сахте [дар пеш] доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазир [-у] интиқомгиранда аст
3:5 Бе тардид, ҳеҷ чиз - [на] дар замин ва на дар осмон – аз Аллоҳ таоло пӯшида намемонад
3:6 Ӯст, ки шуморо ҳар гуна ки бихоҳад дар раҳимҳо шакл медиҳад. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ шикастнопазиру ҳаким нест
3:7 [Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад
3:8 Онон мегӯянд: "Парвардигоро, дилҳои моро – баъд аз он, ки ҳидоятамон кардӣ – [аз роҳи ҳақ] мунҳариф магардон ва аз сӯйи худ раҳмате ба мо арзонӣ дор, [ки] бе тардид, Ту бисёр бахшандаӣ
3:9 Парвардигоро, бешак, Ту мардумро барои рӯзе, ки дар [омадани] он тардид нест, ҷамъ хоҳӣ кард. Ҳатман, Аллоҳ таоло дар ваъдаи [худ] хилоф намекунад"