>

Маркази тарҷумаи Равод — 5

2:25 [Эй Паёмбар] Ба касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки боғҳое [аз биҳишт] барояшон [дар пеш] аст, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳар замон, ки мевае аз он ба эшон дода шавад, мегӯянд: "Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин [дар дунё] рӯзии мо шуда буд; дар ҳоле ки шабеҳи он ба эшон дода шуда буд [на худи он] ва [дар он ҷо] ҳамсарони поке доранд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд"

2:26 Аллоҳ таоло аз ин, ки ба пашшае–ё болотар аз он–масал бизанад, шарм намекунад. Онон, ки имон овардаанд, медонанд, ки он [масал] ҳақ аст аз тарафи Парвардигорашон [ва аз он панд мегиранд] ва аммо онҳое, ки кофиранд, мегӯянд: "Аллоҳ таоло аз ин масал чӣ хостааст?" Аллоҳ таоло [бо баёни ин амсол] гурӯҳи бисёреро [ки муставҷиби онанд ҳайрон ва] гумроҳ ва гурӯҳи бисёреро ҳидоят мекунад; ва танҳо [мунофиқон ва] фосиқонро бо он гумроҳ месозад

2:27 [Ҳамон] касоне, ки паймони Аллоҳро – пас аз маҳкам сохтанаш – мешикананд ва равобити [накуи хешовандӣ]-ро, ки Аллоҳ таоло ба барқарории он фармон додааст, қатъ ва дар замин фасод мекунанд. Инон [дар дунё ва охират] зиёндидагонанд.

2:28 Чи гуна [яктоии] Аллоҳро инкор мекунед, дар ҳоле ки (моддаи) беҷон будед ва Ӯ шуморо ҳаёт бахшид. Боз шуморо мемиронад ва баъд аз он зинда хоҳад кард, баъд аз он [барои бозпурсӣ] ба пешгоҳаш боз гардонда мешавед.

2:29 Ӯст, ки ҳамаи он чиро, ки дар замин аст, бароятон офарид, Пас аз он ба сӯи осмон рӯй овард ва онҳоро ба сурати ҳафт осмон сомон дод ва Ӯ ба ҳар чиз доност.