Маркази тарҷумаи Равод — 499
45:1 Ҳо, мим.[1]
45:2 Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст
45:3 Ба ростӣ, ки дар осмонҳо ва замин нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] барои муъминон [падидор] аст
45:4 Ва [низ] дар офариниши худатон ва мавҷудоти зиндае, ки [дар замин] пароканда месозад, барои аҳли яқин нишонаҳое [аз тавон ва тадбири Аллоҳ таоло ошкор] аст
45:5 Ва дар гардиши паёпайи шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ таоло [ба сурати борон] аз осмон мефиристад ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда месозад ва [низ] дар гардиши бодҳо барои хирадварзон, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
45:6 [Эй Паёмбар] Инҳо оёт [ва нишонаҳо]-и илоҳист, ки ба ҳақ бар ту мехонем [Ба ростӣ, мушрикон] пас аз [сухани] Аллоҳ таоло ва оёташ кадом суханро бовар мекунанд?
45:7 Вой бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор!
45:8 [Он кофире] ки оёти илоҳиро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад, вале мутакаббирона бар мухолифат исрор дорад. Гӯӣ онҳоро нашунидааст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат бидеҳ
45:9 [Ҳамон ки] чун бар гӯшае аз оёти Мо воқиф шавад, онро ба масхара мегирад. Онон азобе сангину дарднок [дар пеш] доранд
45:10 Пешопеши эшон [дар охират] дузах аст ва дастовардашон ва [ёварону] корсозоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло баргузидаанд, ҳеҷ суде ба ҳолашон нахоҳанд дошт ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд
45:11 Ин [Қуръон муҷиби] ҳидоят аст ва касоне, ки оёти Парвардигорашонро инкор мекунанд, азобе аз сахттарин азобҳои дардноки [дузахро дар пеш] доранд
45:12 Аллоҳ таоло аст, ки дарёҳоро дар хидмати шумо гумошт, то киштиҳо ба фармонаш дар он равон шаванд ва [шумо битавонед] аз фазли Ӯ [рӯзи] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред
45:13 Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз [раҳмати] хеш дар хидмати шумо гумошт, ки дар ин [амр] барои андешамандон нишонаҳое [аз лутф ва қудрати илоҳӣ] аст