>

Маркази тарҷумаи Равод — 498

44:40 Бе тардид, рӯзи доварӣ [қиёмат] ваъдагоҳи ҳамаи онон аст

44:41 Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд нест ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд

44:42 Магар касе, ки Аллоҳ таоло [бар ӯ] раҳм кунад, ки Ӯ шикастнопазири меҳрубон аст

44:43 Бе гумон, дарахти Заққум

44:44 ғизои гунаҳкорон аст

44:45 [Мевааш аз шиддати ҳарорат] ҳамчун миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад

44:46 Монанди ҷӯшиши оби гарм [ҷӯшидаистода]

44:47 [Хитоб мерасад] «Он [ситамгор]-ро бигиред ва ба миёни дузах дарафканед

44:48 Он гоҳ аз азоби оби доғ бар сараш фурӯ резед»

44:49 [Дар он ҳол ба ӯ гуфта мешавад] «Бичаш, ки ту [дар миёни қавми худ] иззатманд ва бузургворӣ

44:50 Ин ҳамон [сарнавишти дардноке] аст, ки дар мавридаш тардид доштед»

44:51 Яқинан парҳезкорон дар ҷойгоҳи амне ҳастанд

44:52 дар [миёни] боғҳо ва [канори] чашмасорҳои биҳишт

44:53 Либосҳое аз дебои нозук ва дебои захим мепӯшанд, дар ҳоле ки рӯёрӯи якдигар [ба суҳбат] нишастаанд

44:54 Чунин аст [вазъи онон] ва ҳуриёни ғизолчашм [-и биҳиштӣ]-ро ба ҳамсарии онон дармеоварем

44:55 Дар он ҷо ҳар мевае, ки ирода кунанд, бе дағдаға дар ихтиёрашон аст

44:56 Дар биҳишт таъми маргро нахоҳанд чашид, ҷуз ҳамон марги нахустин ва [Парвардигори меҳрубон] аз муҷозоти дузах барканорашон доштааст

44:57 [Ин] Бахшишест аз [ҷониби] Парвардигорат ва ин ҳамон комёбии бузург аст

44:58 [Эй Паёмбар] Мо Қуръонро ба забони ту равон [ва осон] сохтем, бошад, ки [мушрикон] панд гиранд

44:59 Пас, дар интизори [ваъдаҳои илоҳӣ] бош, ки бе гумон, онон [низ] мунтазиранд