Маркази тарҷумаи Равод — 497
44:19 Ва [низ] бар Аллоҳ таоло бартарӣ маҷӯед, ки ман бароятон далели равшане овардаам
44:20 Ва аз ин ки сангсорам кунед, ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам
44:21 Агар ба ман имон намеоваред, пас, аз ман канора бигиред [ва раҳоям кунед]
44:22 Он гоҳ ба даргоҳи Парвардигораш дуо кард, ки: «[Бор илоҳо] Инон гурӯҳе табоҳкоранд»
44:23 [Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки] «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар, зеро [сипоҳи Фиръавн] шуморо таъқиб хоҳад кард
44:24 Ва дарёро ором пушти сар бигузор, ки онон сипоҳе ҳастанд ки ғарқ хоҳанд шуд
44:25 Чи бисёр боғҳову чашмасорҳоро, ки раҳо карданд [ва рафтанд]
44:26 Ва киштзорҳову қасрҳои наку [ва зебо]
44:27 Ва неъмате, ки дар он [шодмон] буданд
44:28 [Сарнавишташон] Ин гуна [буд] ва [тамомии] он неъматҳоро ба гурӯҳе дигар вогузоштем
44:29 Осмону замин бар [нобудии] онон қатраи ашке нарехт ва муҳлате [барои тавба] низ наёфтанд
44:30 Бе тардид, Бани Исроилро аз азоби хоркунанда наҷот додем
44:31 Аз Фиръавн, ки [роҳбари] саркаше дар зумраи исрофкорон буд
44:32 Мо бо дониши Худ Бани Исроилро бар мардуми замона бартарӣ додем
44:33 Ва нишонаҳое [аз қудрати хеш] дар ихтиёрашон гузоштем, ки озмоише равшан дар он буд
44:34 Ин мушрикон мегӯянд:
44:35 «Ҷуз марги нахустини мо ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд
44:36 Ва агар рост мегӯед, ниёгонамонро [зинда кунед ва] биёваред»
44:37 Оё эшон беҳтаранд ё қавми [неруманди] Туббаъ ва пешиниёни онҳо, ки чун базаҳкор буданд, ҳалокашон кардем?
44:38 Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем
44:39 Онҳоро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офаридаем, вале бештарашон намедонанд