Маркази тарҷумаи Равод — 496
44:1 Ҳо, мим.[1]
44:2 Савганд ба китоби равшангар
44:3 Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем, [зеро] ки Мо [ҳамвора] ҳушдордиҳанда будаем
44:4 Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад]
44:5 [Ин] корест [ки] аз ҷониби Мо [сурат мегирад] бе гумон, Мо фиристандаи [паёмбарон] будаем
44:6 Ба унвони раҳмате аз Парвардигорат. Бе тардид, Ӯ шунавои доност
44:7 Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост. Агар [ба ин ҳақиқат] яқин доред [ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред]
44:8 Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, зиндагӣ мебахшад ва мемиронад. Парвардигори шумо ва ниёгони шумост
44:9 Вале мушрикон тардид доранд ва саргарми [лаззатҳои дунё] ва бозӣ ҳастанд
44:10 Пас, [эй Паёмбар] мунтазири рӯзе бош, ки осмон, дуде ошкор [падид] оварад
44:11 Ки [тамоми] мардумро фаро мегирад. Ин азобе дарднок аст
44:12 [Он гоҳ кофирон мегӯянд] «Парвардигоро, [ин] азобро аз мо бартараф кун, ки имон овардаем»
44:13 Чи гуна [ва аз куҷо] панд мепазиранд, дар ҳоле ки [пештар] паёмбари равшангар ба сӯяшон омада буд?
44:14 Аммо аз ӯ рӯй гардониданд ва гуфтанд: «[Ӯ] омӯзишёфтаи девона аст»
44:15 [Барои озмоиши шумо] Замоне андак азобро бармедорем, ва [-ле] шумо [ба куфри хеш] бозмегардед
44:16 Рӯзе сахт бар онон метозем. [Оре] Мо [аз кофирон ба хотири куфру такзибашон] интиқом мегирем
44:17 Пеш аз онон низ қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбари бузургвор ба сӯяшон омад
44:18 [Ва ба онон гуфт] Ки «[кори Бани Исроил ин] бандагони Аллоҳро ба ман вогузоред, ки ман барои шумо паёмбари аминам