Маркази тарҷумаи Равод — 494
43:61 [Таваллуди] Исо [ба муъҷизаи ҳаёт бахшиданаш] далеле барои қиёмат аст. Пас, ҳаргиз дар мавриди қиёмат шак накунед ва пайрави ман бошед, ки роҳи рост ҳамин аст
43:62 [Огоҳ бошед, ки] Шайтон шуморо [аз роҳи Аллоҳ таоло] бознадорад, чаро ки ӯ душмани ошкори шумост
43:63 Ва чун Исо [муъҷизоту] нишонаҳои равшан бар онон ироа кард, гуфт: «Ман барои шумо ҳикмат овардаам, то [бад-он роҳ ёбед] ва бархе аз мавориди ихтилофатонро равшан кунам, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеъи [дастурҳои] ман бошед
43:64 Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост, пас, Ӯро бипарастед, ки роҳи рост ҳамин аст»
43:65 Он гоҳ гурӯҳҳои [мухталифи] Бани Исроил миёни худ [дар бораи Исо] дучори ихтилоф шуданд, пас, вой бар ситамгорон аз азоби рӯзи дарднок!
43:66 Оё ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат, дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон бар онон фаро расад?
43:67 Дӯстон [-и дунёӣ] дар он рӯз душмани якдигаранд, магар парҳезкорон
43:68 [Аллоҳ таоло ба онон мефармояд] «Эй бандагони [парҳезкори] Ман имрӯз тарсу андуҳе нахоҳед дошт
43:69 Ҳамон бандагоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим [-и фармони Мо] буданд
43:70 Шумо ва дигар муъминоне, ки ҳамчун шумо ҳастанд, ба биҳишт дароед, то [аз неъматҳои ҷовидонаш баҳраманд гардед ва] шодмон шавед
43:71 Зарфҳо ва ҷомҳои зарин перомунашон мегардонанд ва ҳар чи дилҳо бихоҳад ва дидаҳо лаззат барад, дар он ҷо ҳаст ва шумо дар биҳишт ҷовидонаед
43:72 Ин ҳамон биҳиштест, ки дар барорбари рафторатон ба шумо додаанд
43:73 Дар онҷо меваҳои фаровоне дар ихтиёр доред, ки аз онҳо мехӯред