>

Маркази тарҷумаи Равод — 493

43:48 Ҳар муъҷизае ба онон ироа додем, яке аз дигаре бузургтар буд ва [чун ҳамаро такзиб карданд] ба азоб гирифторашон кардем, бошад, ки [аз куфр] бозгарданд

43:49 [Пас, ҳангоме ки гӯшаҳое аз азоби илоҳиро чашиданд] гуфтанд: «Эй ҷодугар, аз Парвардигорат бинобар аҳде, ки бо ту дорад, бихоҳ [то азобро аз мо дур кунад], ки мо [дигар] роҳёфтаем»

43:50 Ва чун азобро аз онон бардоштем, паймон шикастанд

43:51 Фиръавн дар миёни қавми худ нидо сар дод ва гуфт: «Эй қавми ман, оё фармонравоии Миср дар ихтиёри ман нест ва ин наҳрҳо аз доманаи қасри ман ҷараён надорад? Оё [қудрату азаматамро] намебинед?

43:52 Ман аз ин марди бемиқдор, ки [ҳатто] наметавонад ба равшанӣ сухан бигӯяд, шоистатарам

43:53 Чаро [ба нишонаи сарварӣ] дастбандҳои зарин [аз осмон] бар ӯ афканда нашудааст [то собит шавад, ки паёмбар аст]? Ё чаро фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?»

43:54 Ӯ қавми худро ба [бехирадӣ ва] сабуксарӣ кашонд ва ҳамагӣ мутеаш шуданд. Ҳаққо, ки онон [нисбат ба авомири илоҳӣ] нофармон буданд

43:55 Пас, чун моро ба хашм оварданд, аз онон интиқом гирифтем ва ҳамагиро [дар дарё] ғарқ кардем

43:56 Он гоҳ ононро дар шумори пешгомони [куфру нофармонӣ] ва ибрате [барои ояндагон] қарор додем

43:57 Ва чун достони [таваллуди] писари Марям матраҳ шуд, қавми ту [ки гумон карданд, метавонанд монанди масеҳиён чанд маъбуд дошта бошанд] ба ногоҳ шодӣ ва ҳаёҳу ба роҳ андохтанд

43:58 Ва гуфтанд: «Маъбудони мо беҳтаранд ё Исо»? Онон ин суханро танҳо барои ҷидол бо ту унвон кардаанд. Ба ростӣ, ки гурӯҳе ситезаҷӯ ҳастанд

43:59 Исо фақат бандаест, ки бар ӯ неъмат [-и рисолат] арзонӣ доштем ва ӯро намунае [аз қудрати илоҳӣ] барои Бани Исроил қарор додем

43:60 Агар мехостем, [ҳамаи шумо инсонҳоро нобуд мекардем ва] ба ҷоятон фариштагоне падид меовардем, ки дар замин ҷонишин [-и шумо] шаванд