>

Маркази тарҷумаи Равод — 492

43:34 Ва барои хонаҳояшон дарҳое [аз тилло] мегузоштем ва тахтҳое [қарор медодем], ки бар он такя зананд

43:35 Ва таҷаммул [ва зинатҳое] фаровон [барояшон фароҳам мекардем] ва тамоми инҳо баҳраи [ночизи] зиндагии дунёст ва охират назди Парвардигорат барои парҳезкорон аст

43:36 Ҳар ки аз ёди [Аллоҳи] раҳмон дил бигардонад, шайтоне бар ӯ мегуморем, то ҳамнишинаш бошад [ва ҳамвора фиребаш диҳад]

43:37 Шаётин ин гурӯҳро аз роҳи [Аллоҳ таоло] бозмедоранд, вале онон гумон мекунанд, ки ҳидоят ёфтаанд

43:38 То он гоҳ ки [дар қиёмат] назди Мо биёяд, [ба шайтони ҳамнишинаш] мегӯяд: Эй кош, миёни ману ту фосилае ба дурии шарқу ғарб буд! Чи ҳамнишини баде будӣ!»

43:39 [Аллоҳ таоло мефармояд] «Имрӯз [пушаймонӣ] суде ба ҳолатон нахоҳад дошт; зеро ситам кардаед ва ҳамагӣ дар азоб шарикед»

43:40 [Эй Паёмбар] Оё метавонӣ [паёми худро] ба гӯши ношунавоён бирасонӣ ё нобиноён ва гумроҳони ошкорро [ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ?

43:41 Агар ҳам туро пеш аз азоби онон аз дунё [бибарем] дар ҳар ҳол [аз эшон интиқом хоҳем гирифт

43:42 Ё азоберо, ки ба онон ваъда додаем, [дар даврони ҳаётат] ба ту менамоем. Бе тардид, Мо бар онон иқтидор [-и комил] дорем

43:43 Пас, ба он чи ба ту ваҳй мешавад, тамассук биҷӯ, ки бе гумон, бар роҳи рост қарор дорӣ

43:44 Тардиде нест, ки Қуръон барои ту ва қавмат мояи андарз [ ва сарбаландӣ] аст ва [дар рӯзи қиёмат дар бораи имону амал ба он] бозхост хоҳед шуд

43:45 Аз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодем, бипурс, ки оё ғайр аз [Аллоҳи] Раҳмон маъбудоне барои парастиш қарор додаем [мусалламан, чунин нест]

43:46 Мо Мӯсоро бо муъҷизоти хеш ба сӯи Фиръавн ва сарони қавмаш фиристодем ва ба онон гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам»

43:47 Ва чун оёт [ва муъҷизоти] Моро бар онон ироа кард, ҳамагӣ ба онҳо хандиданд