Маркази тарҷумаи Равод — 491
43:23 Пеш аз ту низ ҳар [паёмбари] ҳушдордиҳандаеро ба ҳар шаҳре фиристодем, сарватмандони саркаши он шаҳр мегуфтанд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»
43:24 [Паёмбарашон] Мегуфт: «Агар оине ҳидоятбахштар аз он чи ниёгонатон доштанд, оварда бошам [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунед]? Онон [дар посух] мегуфтанд: «[Оре] паёмеро, ки маъмури [иблоғи] он шудаед, инкор мекунем»
43:25 Мо низ аз онон интиқом гирифтем, пас, бингар, ки саранҷоми такзибкунандагон чи гуна буд
43:26 [Ёд кун] Ҳангомеро, ки Иброҳим ба падар ва қавмаш гуфт: «Аз он чи шумо мепарастед, безорам
43:27 Магар аз касе, ки маро офаридааст, ки Ӯ ҳидоятам хоҳад кард»
43:28 Иброҳим, яктопарастиро дар миёни наслҳои пас аз худ сухане мондагор қарор дод, бошад, ки [ба пешгоҳи илоҳӣ] бозгарданд
43:29 Ин мушрикони Макка ва падаронашонро [аз неъматҳои дунё] бархӯрдор кардам, то ин ки Қуръон ва паёмбаре равшангар ба суроғашон омад
43:30 Ва он гоҳ ки Қуръон бар онон ироа шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва онро инкор мекунем»
43:31 Ва гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде бузург аз ду шаҳр [Макка ва Тоиф] нозил нашудааст?»
43:32 Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Моем, ки рӯзӣ [ва маишати] ононро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва ононро нисбат ба ҳам ба дараҷоте бартарӣ бахшидаем, то аз хадамоти [мутақобили] якдигар истифода кунанд ва раҳмати Парвардигорат аз амволе, ки ҷамъ мекунанд, беҳтар аст
43:33 Агар [нигаронӣ аз онон] набуд, ки ҳама мардум [дар дунёталабӣ ва инкори Аллоҳ таоло] як гурӯҳ шаванд, сақфи хонаи касонеро, ки ба Аллоҳи раҳмон имон надоранд, аз нуқра қарор медодем ва низ паллаҳое [дар он мениҳодем], ки битавонанд аз [табақоти] он [хона] боло раванд