Маркази тарҷумаи Равод — 490
43:11 Ва ҳамон касе, ки аз осмон боронро ба миқдори муайяне фиристод, он гоҳ сарзамини хазонзада ва хушкро ба василаи он ҳаёт бахшидем. Шумо низ ҳамин гуна [аз гӯрҳо] берун оварда мешавед
43:12 Парвардигоре, ки тамоми махлуқотро офарид ва бароятон аз киштиҳо ва чаҳорпоён василаи саворӣ падид овард
43:13 То бар пушти онҳо қарор гиред ва он гоҳ ки бар онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем
43:14 Ва мо ба пешгоҳи Парвардигорамон бозмегардем»
43:15 Мушрикон аз миёни бандагони Аллоҳ таоло барояш саҳме [аз фарзанд] қарор доданд. Ба ростӣ, ки инсон ошкоро носипос аст
43:16 Оё [мепиндоред] Аллоҳ таоло аз миёни офаридагонаш духтаронро интихоб карда ва писаронро ба шумо ихтисос додааст?
43:17 Аммо ҳар гоҳ ба яке аз онон ҳамон чизеро, ки башорат диҳанд, ки барои Аллоҳи раҳмон қоил ҳастанд [таваллуди духтар], дар ҳоле ки хашми худро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андуҳ] тира мегардад
43:18 Оё касеро, ки дар зевар [ва роҳатӣ] парвариш меёбад ва дар [ҳангоми] ҷидол [қодир ба] баёни мақсудаш нест [ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед]?
43:19 Мушрикон фариштагонро, ки бандагони [Аллоҳи] Раҳмонанд, муаннас [зан] пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онон ҳузур доштанд? Суханонашон сабт мегардад ва [дар рӯзи қиёмат] бозхост хоҳанд шуд
43:20 [Онон барои тавҷеҳи ширки худ] мегӯянд: «Агар [Аллоҳи] Раҳмон мехост, мо фариштагонро парастиш намекардем». Онон дар мавриди ин [сухан] беиттилоанд ва ҷуз сухани дурӯғ намегӯянд
43:21 Оё пеш аз Қуръон китобе ба онон додаем, ки бад-он истидлол кунанд?
43:22 Балки мегӯянд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»