Маркази тарҷумаи Равод — 489
42:52 [Эй Паёмбар] бад-ин гуна Қуръонро [тавассути Ҷабраил ва] ба фармони хеш бар ту ваҳй кардем. [Пеш аз он] Ту огоҳӣ надоштӣ, ки китобу имон чист, вале Мо онро нуре сохтем, ки ҳар касе аз бандагони хешро, ки бихоҳем, бад-он ҳидоят кунем ва мусалламан, ту ба роҳи рост [Ислом] ҳидоят мекунӣ
42:53 Роҳи илоҳӣ, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Огоҳ бошед, [ҳамаи] умур ба сӯйи Аллоҳ таоло бозмегардад
43:1 Ҳо, мим.[1]
43:2 Савганд ба китоби равшангар
43:3 Мо онро Қуръоне ба забони арабӣ падид овардем, бошад, ки хирадварзӣ кунед
43:4 Ин китоб, ки баландмартаба ва ҳикматомӯз аст, дар Лавхи маҳфуз назди Мо сабт шудааст [ва дастхуши тағйир нахоҳад шуд]
43:5 Оё ба сирфи ин ки шумо [мушрикон] гурӯҳе исрофкоред [ва паёми илоҳиро инкор мекунед, нузули] Қуръонро аз шумо боздорем?
43:6 Чи бисёр паёмбароне, ки дар миёни пешиниён фиристодем
43:7 Вале ҳар паёмбаре ба сӯйи онон меомад, масхарааш мекарданд
43:8 Мо афроди нерумандтар аз мушрикони Маккаро ҳалок кардаем ва достони [ибратангези] пешиниён гузашт
43:9 [Эй Паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Осмонҳо ва заминро чи касе офардиааст?» Ҳатман, мегӯянд: «[Аллоҳи] Шикастнопазири доно»
43:10 Ҳамон [Парвардигоре] ки заминро маҳалли озмоиши шумо қарор дод ва бароятон дар он роҳҳое падид овард, то роҳ ёбед