>

Маркази тарҷумаи Равод — 488

42:45 [Дар он рӯз] Ситамгоронро мушоҳида хоҳӣ кард, ки бар оташ арза мешаванд ва дар ҳоле ки аз [шиддати] хорӣ фурӯтан шудаанд, бо таги чашм менигаранд ва [дар он ҳол] муъминон мегӯянд: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаҳояшонро дар қиёмат ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед! Ситамгорон гирифтори азобе пойдоранд

42:46 Ва онон дар баробари Аллоҳ таоло корсозе нахоҳанд дошт, ки ёриашон кунад ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, роҳе [барои наҷот] нахоҳад дошт

42:47 [Эй мардум] Пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки бозгаште аз ҷониби Аллоҳ таоло надорад, даъвати Парвардигоратонро бипазиред. Дар он рӯз на паноҳгоҳе хоҳед дошт, на [фурсате барои] инкор

42:48 Пас [эй Паёмбар] агар [мушрикон аз даъвати ту] рӯй мегардонанд [тавфиқро аз худ салб мекунанд]. Мо туро нигаҳбони онон нафиристодем ва ту вазифае ҷуз расонидан [-и ваҳй] надорӣ ва чун раҳмате аз ҷониби худ ба инсон бичашонем, бад-он сармаст мешавад ва агар ба сазои рафтори гузаштаи худ дучори мусибате шавад, [ба ҷойи бедорӣ носипосӣ мекунад]. Ба ростӣ, ки инсон бисёр носипос аст

42:49 Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад, ба ҳар ки бихоҳад, [фарзанди] духтар мебахшад ва ба ҳар ки бихоҳад, [фарзанди] писар

42:50 Ё писару духтарро -ҳар ду бо ҳам медиҳад ва ҳар киро бихоҳад, нозо мегардонад, ки Ӯ донои тавоност

42:51 Дархӯри ҳеҷ башаре нест, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан бигӯяд, магар бо ваҳй ё аз фаросӯи ҳиҷобе ё [ин ки Аллоҳ таоло] фариштае бифиристад, ки ба фармонаш ҳар чи бихоҳад, ваҳй кунад. Бе тардид, Ӯ баландмартабаи ҳаким аст