>

Маркази тарҷумаи Равод — 487

42:32 Аз нишонаҳои [тавону тадбири] илоҳӣ, киштиҳои кӯҳпайкарест, ки дар дарёҳо равонанд

42:33 Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, бодро сокин мегардонад, то [киштиҳо] бар паҳнаи дарё беҳаракат бимонанд. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои ҳар шикебои сипосгузор нишонаҳоест

42:34 Ё [агар бихоҳад сарнишинони] он киштиҳоро ба кайфари аъмолашон нобуд месозад, дар ҳоле ки Ӯ аз бисёре [аз гуноҳон] гузашт мекунад

42:35 [То муҷиби ибрат бошад] Ва касоне, ки дар мавриди оёти Мо ба муҷодала бармехезанд, бидонанд, ки [агар азоби илоҳӣ фаро расад] роҳи гурезе нахоҳанд дошт

42:36 [Эй мардум] Он чи ба шумо дода шудааст, неъматҳои [гузарои] дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои муъминоне, ки бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтар ва пояндтар аст

42:37 Ва [низ барои] онон, ки аз гуноҳони бузургу бешармиҳо канора мегиранд ва онгоҳ, ки хашмгин мешаванд, гузашт мекунанд

42:38 Ва онон, ки [даъвати] Парвардигорашонро пазиро мешаванд ва намоз барпо медоранд ва умурашон дар миёнашон ба машварат ниҳода мешавад ва аз он чи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд

42:39 Ва касоне, ки ҳар гоҳ ситаме ба онон бирасад, [ба дифоъ ва] интиқом бармехезанд

42:40 Ва ҷазои ҳар бадӣ кайфаре ҳаммонанди он бадӣ аст [на бештар], пас, ҳар ки гузашт кунад ва корро ба ислоҳ [ва оштӣ] оварад, подошаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Ӯ ситамгоронро дӯст намедорад

42:41 Албатта, касоне, ки пас аз ситаме, ки дидаанд, интиқом мегиранд, ҳеҷ [бозхосту] сарзанише бар онон нест

42:42 Роҳи [бозхосту] сарзаниш танҳо бар ситамгороне кушода аст, ки ба ноҳақ дар замин бартариҷӯӣ мекунанд. Онон азоби дарднок [дар пеш] доранд

42:43 Аммо ҳар ки шикебоӣ ва гузашт кунад, нишон аз қудрати ирода [-и Ӯ] дорад

42:44 Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, аз Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёвару] корсозе нахоҳад дошт ва [дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро мебинӣ, ки чун азобро мушоҳида кунанд, мегӯянд: «Оё роҳи бозгаште [ба дунё] ҳаст?»