Маркази тарҷумаи Равод — 486
42:23 Ин ҳамон [фазилате] аст, ки Аллоҳ таоло ба бандагони муъмин ва некукораш башорат медиҳад. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Дар баробари ин рисолат, подоше аз шумо намехоҳам, ҷуз [риояи дӯстӣ ва] муҳаббати хешовандӣ ва ҳар ки [дар ин росто] иқдоми некуе кунад, бар подошаш дар он [маврид] меафзоем. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгори қадршинос аст
42:24 Оё мушрикон мегӯянд: «[Муҳаммад] ба Аллоҳ таоло дурӯғ нисбат додааст»? Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, бар дили ту меҳр мениҳад, ва [-ле] Аллоҳ таоло ботилро маҳв мекунад ва ҳақро бо суханони [ва тамҳидоти] хеш ба курсӣ менишонад, ки Ӯ ба рози дилҳо доност
42:25 Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чи мекунед, медонад
42:26 Ӯ [дархости] муъминони некукорро мепазирад ва аз фазли хеш бар [подоши] онон меафзояд ва кофирон азобе сахт дар пеш доранд
42:27 Агар Аллоҳ таоло рӯзии [бархе аз] бандагонашро кушоиш медод, дар замин ситаму саркашӣ мекарданд, вале ба андозае, ки бихоҳад муқаррар медорад, ки Ӯ ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност
42:28 Ӯст, ки боронро пас аз навмедӣ [-и мардум] мефиристад ва раҳмати хешро мегустарад ва Ӯ корсозу сутуда аст
42:29 Аз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ офариниши осмонҳо ва замину мавҷудоти зиндаест, ки дар онҳо пароканда кардааст ва ҳар гоҳ ирода кунад, бар ҷамъоварии онҳо низ тавоност
42:30 Ҳар мусибате, ки ба шумо расад, ба хотири корҳоест, ки анҷом додаед ва [Аллоҳ таоло] аз бисёре [аз гуноҳонатон] гузашт мекунад
42:31 Шумо ҳаргиз дар замин [ва осмон Аллоҳро] ба танг намеоваред ва дар баробари Аллоҳ таоло хеҷ корсозу ёваре нахоҳед дошт