>

Маркази тарҷумаи Равод — 485

42:16 Касоне, ки пас аз пазириши умумӣ, дар бораи [ҳаққонияти дини] Аллоҳ таоло далел меоваранд, мантиқашон назди Парвардигорашон [ботил ва ] бепоя аст. Хашм [-и илоҳӣ] гиребонгирашон мешавад ва азобе сахт [дар пеш] доранд

42:17 Аллоҳ таоло аст, ки Қуръон ва миқёси адолатро ба ҳақ нозил кардааст ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад

42:18 Касоне, ки қиёматро бовар надоранд, [бо тамасхур ва] ба шитоб онро мехоҳанд. Ва касоне, ки [ба рӯзи ҷазо] бовар доранд ва медонанд, ки ҳақ аст, аз он дар ҳаросанд. Огоҳ бошед! Онон, ки дар мавриди қиёмат ҷадалу инкор мекунанд, дар гумроҳии бепоёне қарор доранд

42:19 Аллоҳ таоло нисбат ба бандагонаш борикбин [ва меҳрубон] аст. Ба ҳар кас, ки бихоҳад, рӯзӣ мебахшад ва Ӯ тавонои шикастнопазир аст

42:20 Касе, ки кишти охиратро бихоҳад, кишташро баракат мебахшем ва ҳар ки [танҳо] кишти дунёро бихоҳад, дар ихтиёраш қарор медиҳем, вале дар охират баҳрае нахоҳад дошт

42:21 Оё [мушрикон] маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозати Аллоҳ таоло [қавонини] дине барои онон муқаррар кардаанд? Агар ҳукми қатъӣ [барои муҳлат додан ба гунаҳкорон] дар миён набуд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва ситамгорон азобе дарднок [дар пеш] доранд

42:22 [Дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро аз дастовардашон ҳаросон мебинӣ ва [хоҳӣ дид, ки кайфари он корҳо] домангирашон аст, вале муъминони накукор дар боғҳои биҳиштанд, ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Фазлу бахшиши бузург ҳамин аст