Маркази тарҷумаи Равод — 483
42:1 Ҳо, мим.[1]
42:2 Айн, син қоф
42:3 Аллоҳи шикастнопазири ҳаким бар ту ва паёмбарони пеш аз ту чунин ваҳй мефиристад
42:4 Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, мутааллиқ ба Ӯст ва Ӯ баландмартаба ва бузург аст
42:5 Наздик аст осмонҳо [аз шукӯҳу азамати илоҳӣ] аз фарози якдигар бишкофанд ва фариштагон Парвардигорашонро бо ситоиш тақдис мекунанд ва барои сокинони замин [ки тавба кардаанд] омурзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
42:6 [Эй Паёмбар] Аллоҳ худ муроқиби [рафтори] касонест, ки ғайри Ӯро [дӯсту] корсози худ баргузидаанд ва ту коргузор [ва масъули рафтор]-и онон нестӣ
42:7 Мо Қуръонро ин гуна ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем, то аҳли Макка ва сокинони атрофашро бим диҳӣ ва ба онон дар мавриди рӯзи маҳшар, ки тардиде дар вуқуаш нест, ҳушёр диҳӣ [Он рӯз] гурӯҳе биҳиштианд ва гурӯҳе дар оташи сӯзон
42:8 Агар Аллоҳ таоло мехост, ҳамаи мардумро уммати воҳид [ва яктопараст] қарор медод, вале [ба инсон ихтиёр дод, пас] ҳар киро бихоҳад, ба раҳмати хеш дармеоварад; ва мушрикон ҳеҷ корсоз ва ёваре нахоҳанд дошт
42:9 Оё онон ба ҷойи Ӯ каси [дигарро ба унвони дӯсту] корсоз баргузидаанд? Ҳол он ки корсоз [-и ҷаҳониён] Аллоҳ таоло аст ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва бар ҳар коре тавоност
42:10 [Бигӯ: «Эй мардум] Ҳар ихтилофе байни шумост, довариаш бо Аллоҳ таоло аст. Чунин аст Аллоҳ таоло Парвардигори ман. Бар Ӯ таваккал кардам ва ба пешгоҳаш бозмеоям»