>

Маркази тарҷумаи Равод — 481

41:39 Аз ҷумлаи нишонаҳои [қудрати] илоҳӣ ин аст, ки замини хушку фарсударо мебинӣ, ки чун борон бар он фурӯ мерезем, ба ҷунбиш дармеояд ва [гиёҳонаш] рушд мекунад. Он [Парвардигори тавонманде], ки заминро зинда мекунад, мурдагонро низ зинда хоҳад кард. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност

41:40 [Гуфтору рафтори] Касоне, ки дар мавриди оёти Мо каҷравӣ [ва онро таҳриф] мекунанд, бар Мо пӯшида нахоҳанд буд. Оё касе, ки ба оташи [дузах] меафтад, беҳтар аст ё он ки дар рӯзи растохез эмин [аз азоб] аст? Ҳар чи мехоҳед, амал кунед, ки бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

41:41 Касоне, ки ин Қуръонро, ки барои [ҳидоят] – ашон омадааст, инкор кардаанд [дар қиёмат азоб хоҳанд шуд]. Ин [каломи илоҳӣ] китобе аст шикастнопазир

41:42 Сухани ботил аз пешу пас ба он роҳ намеёбад ва аз ҷониби [Парвардигори] ҳакими сутуда нозил шудааст

41:43 [Эй Паёмбар, кофирон] Ба ту ҳамон [суханони ботиле] –ро мегӯянд, ки ба паёмбарони пеш аз ту низ мегуфтанд. Бе гумон, Парвардигорат омурзиш ва [дар айни ҳол] кайфаре дарднок дорад

41:44 Агар Қуръонро [ба забони] ғайриарабӣ нозил карда будем, кофирон мегуфтанд: «Чаро оёташ [арабӣ нест ва] ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ғайриарабиву паёмбаре араб»? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ин китоб барои муъминон мояи ҳидояту шифост ва онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон сангинӣ аст ва Қуръон барояшон номафҳум аст. [Гӯё] Ононро аз роҳи дур садо мезананд»

41:45 Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд.Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд

41:46 Ҳар ки ба шоистагӣ амал кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки бадӣ кунад, ба зиёни хеш бад кардааст ва Парвардигори ту ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад