>

Маркази тарҷумаи Равод — 480

41:30 [Аммо] Касоне, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ таоло аст», он гоҳ [аз бандагии ғайри Ӯ сар боз заданд ва бар эътиқоди худ] пой фишурданд, фариштагон бар онон фуруд меоянд [ва мегӯянд]: «Натарсед ва андуҳ надошта бошед ва башорат бод бар шумо он биҳишти мавъудатон!

41:31 Мо дар зиндагии дунё ва охират дӯстдори шумоем ва дар биҳишт ҳар чи дилатон бихоҳад ва дархост кунед, дар ихтиёри шумост

41:32 Ба унвони пазироӣ аз ҷониби омурзгоре меҳрубон»

41:33 Кист хушгуфтортар аз он ки ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват кунад ва ба шоистагӣ амал менамояд ва мегӯяд: «Таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастам»?

41:34 [Ҳаргиз] Некӣ ва бадӣ яксон нест. Ҳамвора ба шевае, ки беҳтар аст, посух бидеҳ, ки дар он сурат касе, ки байни ту ва ӯ душманист, ҳамчун дӯсти меҳрубон гардад

41:35 Танҳо шикебоён ва онон, ки баҳраи бузурге [аз имону ахлоқ] доранд, ба чунин мақоме мерасанд

41:36 Ва ҳар гоҳ аз ҷониби шайтон васвасае туро фаро гирифт, ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки яқинан, Ӯ шунавову доност

41:37 Аз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ шабу рӯз ва хуршеду моҳ аст. Дар баробари хуршеду моҳ саҷда накунед, балки агар танҳо Ӯро мепарастед, бар Аллоҳ таоло, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед

41:38 Ва агар [гурӯҳҳое аз ниёиши Ӯ] такаббур варзанд, [фариштагон ва] муқаррабони даргоҳи Парвардигорат шабу рӯз бидуни хастагӣ Ӯро ба покӣ меситоянд