>

Маркази тарҷумаи Равод — 479

41:21 Онон ба пӯсти худ мегӯянд: «Чаро алайҳи мо гувоҳӣ додед»? [Дар ҷавоб] Мегӯянд: «Аллоҳ таоло [ҳамон Холиқи тавонманде], ки ҳама мавҷудотро гӯё карда, моро низ ба сухан даровардааст ва Ӯст, ки нахустин бор шуморо офарид ва [саранҷом ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед»

41:22 Шумо, ки [гуноҳонатонро] пинҳон намекардед, на аз он бобат буд, ки тасаввур мекардед, гӯшу чашму пӯстатон алайҳи шумо гувоҳӣ намедиҳанд, балки гумон мекардед, ки Аллоҳ таоло бар бисёре аз аъмоле, ки мекунед, огоҳ нест

41:23 Ин пиндори шумо дар бораи Парвардигоратон буд, ки муҷиби ҳалокати шумо гардид ва [саранҷом] зиёнкор шудед

41:24 Агар шикебоӣ ва таҳаммул кунанд [ё накунанд], оташ ҷойгоҳашон аст ва агар талаби ризоят кунанд, пазируфта нахоҳанд шуд

41:25 Мо ҳамнишиноне [аз шаётин] бар онон гумоштем, ки [корҳои] гузашта ва [орзуҳои] ояндаро дар назарашон оростаанд ва [бад-ин сон] фармони муҷозот дар мавриди онон таҳаққуқ ёфт ва ба азоби ақвоми гумроҳе аз ҷину инс, ки пеш аз онон буданд, гирифтор шуданд. Бе гумон, онон зиёнкор буданд

41:26 Кофирон [ки дар баробари ҳақ оҷиз гашта буданд] гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш накунед ва [ҳангоми тиловати] он ҷанҷол кунед [ва суханони беҳуда бигӯед], бошад, ки пирӯз гардед»

41:27 Пас, яқинан, ба кофирон азоби сахте мечашонем ва ононро бар асоси [ҷазои] бадтарини корҳояшон кайфар медиҳем

41:28 Ин аст сазои душманони Аллоҳ таоло: оташе, ки дар он сукунати ҷовидон доранд, ба кайфари он ки оёти Моро инкор мекарданд

41:29 Кофирон [ба ҳангоми азоб] мегӯянд: «Парвардигоро, [афроде] аз ду гурӯҳ: ҷин ва инсро, ки омили гумроҳиямон буданд, ба мо нишон бидеҳ, ки лагадкӯбашон кунем, то аз ҳама залилтар шаванд»