Маркази тарҷумаи Равод — 478
41:12 Сипас он тӯдаи газро ба сурати ҳафт осмон дар ду рӯз офарид ва ба ҳар осмоне барномаашро ваҳй кард ва осмони дунёро бо чароғҳое [аз ситорагон] оростем ва [аз шарри шаётин] ҳифз намудем. Ин аст тақдири [Парвардигори] шикастнопазири доно»
41:13 [Эй Паёмбар] Агар онон [аз пазириши ислом] рӯй гардонанд, бигӯ: «Ба шумо дар бораи соиқае назири [он чи] қавми Оду Самуд [-ро аз пой даровард] ҳушдор медиҳам»
41:14 Он гоҳ ки паёмбарони илоҳӣ паёпай ба суроғашон меомаданд, [бо ин паём] ки: «Ҷуз Аллоҳро напарастед», онон [дар посух] мегуфтанд: «Агар Парвардигорамон мехост, [паёми ҳидоятгаре бифиристад] фариштагоне нозил мекард. Мо паёмеро, ки шумо маъмури [иблоғи] он ҳастед, бовар намекунем»
41:15 Аммо [қавми] Од ба ноҳақ дар замин такаббур меварзиданд ва мегуфтанд: «Чи касе нерумандтар аз мост»? Оё намедонистанд Аллоҳ таоло [он Холиқи якто]-е, ки ононро офарида, нерумандтар аз онон аст? Вале [бо ситезу гарданкашӣ] оёти Моро инкор мекарданд
41:16 Саранҷом тундбоде сарду сахт дар рӯзҳое шум ба онон фиристодем, то азоби расвоӣ [ва сангин]-ро дар зиндагии дунё ба онон бичашонем, вале азоби охират расвокунандатар аст ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ нахоҳанд шуд
41:17 Ва аммо қавми Самудро низ ҳидоят кардем, вале онон кӯрдилиро ба ҳидоят тарҷеҳ доданд ва ба [сазои] дастовардашон соиқаи азоби хоркунанда ононро фаро гирифт
41:18 Ва касонеро, ки имон оварда ва [аз гуноҳу нофармонӣ] парво мекарданд, наҷот додем
41:19 [Эй Паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки душманони Аллоҳро ба сӯйи оташи дузах эҳзор мекунанд ва [аз парокандагӣ] бозмедоранд
41:20 То чун ба дузах мерасанд, гӯшу чашму пусташон аъмолашонро гувоҳӣ медиҳанд