Маркази тарҷумаи Равод — 477
41:1 Ҳо, мим.[1]
41:2 [Ин Қуръон] Аз сӯи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон нозил шудааст
41:3 Китобест, ки оёташ ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд, ба шевоӣ ва равшанӣ баён шудааст
41:4 [Китобе] Башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст, вале бештари мардум рӯйгардонанд ва [ҳақоиқро] намешунаванд
41:5 Мушрикон гуфтанд: «Дилҳои мо нисбат ба он чи моро даъват мекунӣ, дар пӯшише [аз бетафовутӣ] қарор дорад ва дар гӯшҳоямон сангинӣ аст ва миёни мо ва ту фосила аст, пас, ту ба кори худ машғул бош ва мо низ ба кори худ»
41:6 [Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Ман фақат башаре ҳамчун шумо ҳастам [бо ин тафовут], ки ба ман ваҳй мешавад: «Маъбуди шумо маъбудест ягона, пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омурзиш бихоҳед ва вой ба ҳоли мушрикон!»
41:7 Онон, ки закот намепардозанд ва охиратро инкор мекунанд
41:8 [Вале] Муъминони некукор подоше бепоён доранд
41:9 Бигӯ: Оё он [Холиқи тавонманд]- еро, ки заминро дар ду рӯз офарид, инкор мекунед ва барояш ҳамтоёне қоил мешавед? Ин [Офаридгори яктост, ки] Парвардигори ҷаҳониён аст
41:10 Ӯ тайи чаҳор рӯз бар рӯйи замин кӯҳҳои устуворро падид овард ва дар он хайру баракати фаровон ниҳод ва ризқу рӯзии онро дуруст ба андозаи ниёзи тақозокунандагон муқаддар намуд
41:11 Он гоҳ ба осмон пардохт, дар ҳоле ки [ҳанӯз] ба сурати газ [дуд] буд. Ва ба осмону замин гуфт: «Хоҳ- нохоҳ аз дари таслим дароед». Он ду гуфтанд: «Бо майл аз дари таслим даромадем»