>

Маркази тарҷумаи Равод — 476

40:78 Пеш аз ту низ паёмбароне фиристодаем, ки [саргузашти] бархе аз эшонро бароят ҳикоят кардаем ва бархе дигарро ҳикоят накардаем ва ҳеҷ расуле наметавонист бидуни фармони илоҳӣ муъҷизае ироа кунад ва он гоҳ ки фармони Аллоҳ таоло [барои подош ва кайфар] фаро расад, ба ҳақ ва адолат доварӣ хоҳад шуд ва ботиландешон зиёнкор хоҳанд буд

40:79 Аллоҳ таоло аст, ки чаҳорпоёнро бароятон офарид, то аз бархе барои саворӣ ва аз бархе барои тағзия истифода кунед

40:80 Ва барои шумо дар онҳо судҳои дигаре низ ҳаст ва низ барои он ки савор бар онҳо ба мақсаде, ки дар дил доред, бирасед ва бар онҳо ва бар киштиҳо [ба ҳар ҷо ки мехоҳед] мунтақил мешавед

40:81 Аллоҳ таоло нишонаҳои [қудрату тадбири] худро ба шумо нишон медиҳад, пас, кадом як аз нишонаҳои илоҳиро инкор мекунед?

40:82 Оё мушрикон дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Он ақвоми гузашта шуморашон аз инҳо афзунтар буд ва осору биноҳои бештаре дар замин падид оварда буданд, аммо [ ҳангоми нузули азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт

40:83 Ҳангоме ки паёмбаронашон бо нишонаҳои равшан ба суроғашон омаданд, ба донишу кордонии худ сармаст [ва аз тавҳид рӯйгардон] шуданд ва ҳамон азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон шуд

40:84 Пас, чун азоби Моро диданд, гуфтанд: «Танҳо ба Аллоҳ таоло имон овардем ва маъбудонеро, ки шарики Ӯ қарор дода будем, инкор мекунем»

40:85 Аммо имон оварданашон ба ҳангоми мушоҳидаи азоб ҳеҷ суде надошт. Ин суннати илоҳӣ [ки дар ҳангоми азоб тавбаи касе пазируфта намегардад, ҳамвора] дар мавриди бандагони Аллоҳ таоло ҷорӣ будааст ва дар ин ҷо кофирон зиёнкор шуданд