Маркази тарҷумаи Равод — 475
40:67 Ӯст, ки шуморо аз хок ва сипас [тайи мароҳили мухталиф] аз нутфа ва он гоҳ хуни баста [ҷанини ибтидоӣ] офарид, сипас шуморо [ба сурати] кӯдаке [ба дунё] меоварад ва имкон медиҳад, то ба ҳадди рушд [ва камоли неру] бирасед. Сипас [солҳо зиндагӣ мекунед, то] солхӯрда мешавед. Бархе аз шумо дучори марги зудрас хоҳанд шуд ва [ба гурӯҳе дигар имкон медиҳад], то ба аҷали муайян бирасед, бошад, ки биандешед
40:68 Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ҳангоме ки чизеро мехоҳад, танҳо ба ӯ мегӯяд: «Мавҷуд шав», пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад
40:69 Оё надидӣ касоне, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, чи гуна [аз роҳи ҳақ] мунҳариф мегарданд?
40:70 Касоне, ки китоби [осмонӣ] ва паёми паёмбарони моро дурӯғ шумурданд, ба зудӣ [натиҷаи кирдорашонро] хоҳанд донист
40:71 Он гоҳ ки ғул ва занҷир бар гарданашон қарор гирифта ва кашида мешаванд
40:72 [Ибтидо] Дар оби ҷӯшомада ва сипас дар оташи дузах афрӯхта мешаванд
40:73 Он гоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Бутҳое, ки шарики [Аллоҳ таоло] қарор медодед, куҷо ҳастанд?
40:74 [Ҳамон маъбудоне, ки] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ибодат мекардед]. Онон гӯянд: «Аз [назари] мо нопадид шуданд, гӯӣ мо ҳаргиз пеш аз ин чизеро [ба парастиш] намехондем». Ин гуна Аллоҳ таоло кофиронро гумроҳ мекунад
40:75 Ин [азоб] аз он ҷиҳат аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмонӣ ва сармастӣ мекардед ва фахр мефурӯхтед
40:76 [Акнун] Аз дарҳои ҷаҳаннм ворид шавед ва ҷовидона дар он ҷо бимонед. Ва [ба ростӣ, ки] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст!
40:77 [Эй Паёмбар, бар озори мушрикон] Шикебо бош, ки ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва агар бархе аз муҷозотҳоеро, ки ба онон ваъда додаем, [дар зиндагӣ] ба ту бинамоем ё [пеш аз нузули азоб] ҷони туро бигирем, дар ҳар ҳол ба пешгоҳи мо бозгардонда мешаванд [ва роҳи гурезе аз азоб надоранд]