Маркази тарҷумаи Равод — 474
40:59 Ҳеҷ тардиде дар ин нест, ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, вале бештари мардум имон намеоваранд
40:60 Парвардигоратон фармуд: «Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд»
40:61 Аллоҳ таоло аст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он оромиш ёбед ва рӯзро равшанибахш [қарор дод, то ба талош пардозед]. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло нисбат ба мардум [лутфу] бахшиш дорад, вале бештари мардум сипос намегузоранд
40:62 Ин аст Аллоҳ таоло Парвардигори шумо, [ки] офаринандаи ҳар мавҷуде [аст]. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, чи гуна [аз парастиши Ӯ] мунҳариф мешавед?
40:63 Ба ҳамин сурат касоне, ки оёти илоҳиро инкор мекунанд, низ [аз ҳақ] мунҳариф мегарданд
40:64 Аллоҳ таоло аст, ки заминро қароргоҳ ва осмонро сарпаноҳатон муқаррар дошт ва шуморо шакле бахшид ва шаклҳоятонро зебо биофарид ва аз неъматҳои покиза ба шумо рӯзӣ дод. Ин аст Аллоҳ таоло – Парвардигори шумо, пас, пурбаракату бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
40:65 Аллоҳ таоло зинда [ва поянда] аст ва маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, Ӯро бо хулуси эътиқод бихонед. Ситоиш ва сипос махсуси Аллоҳ таоло-Парвардигори ҷаҳониён аст
40:66 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман аз парастиши афроде, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, наҳй шудаам, зеро нишонаҳои равшане аз ҷониби Парвардигорам ба ман расидааст ва фармон ёфтаам, ки [танҳо] дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим бошам»