Маркази тарҷумаи Равод — 473
40:50 Онон посух медиҳанд: «Магар паёмбаронатон нишонаҳои равшан бар шумо ироа накарданд»? Дузахиён мегӯянд: «Бале». Ва маъмурон мегӯянд: «Пас, [бе натиҷа] дархост кунед, ки дархости кофирон [мардуду] табоҳ аст»
40:51 Бе гумон, Мо паёмбарони худ ва аҳли имонро дар зиндагии дунё ва рӯзе, ки гувоҳон [ба шаҳодат] бармехезанд, ёрӣ мекунем
40:52 Рӯзе, ки узрхоҳии ситамгарон суде ба ҳолашон нахоҳад дошт. Онон аз раҳмати илоҳӣ ба дуранд ва душвории азоби охиратро [дар пеш] доранд
40:53 Мо ба Мӯсо [мақоми] ҳидоят бахшидем ва Бани Исроилро ворисони Таврот қарор додем
40:54 [Китобе, ки] Барои хирадмандон ҳидояту панд аст
40:55 Пас, [эй паёмбар, бар озори мушрикон] шикебо бош, [ки] яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва барои гуноҳат омурзиш бихоҳ ва Парвардигоратро шомгоҳ ва бомдод ба покӣ ситоиш кун
40:56 Касоне, ки дар мавриди оёти илоҳӣ, бе он ки далеле дар ихтиёрашон бошад, ба муҷодала бармехезанд, дар дилҳояшон [ғуруру] такаббурест, ки ҳаргиз бад-он нахоҳанд расид, пас, [аз шарри эшон] ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки ба ростӣ, Ӯ шунавову биност
40:57 Мусалламан, офариниши осмонҳо ва замин бузургтар аз офариниши инсонҳост [пас, барпо кардани қиёмат барои Аллоҳ таоло душвор нест], вале бештари мардум намедонанд
40:58 Ҳаргиз нобино ва бино баробар нестанд, ва муъминони накукор бо бадкорон яксон нахоҳанд буд, [вале] иддаи каме аз шумо панд мепазиред