>

Маркази тарҷумаи Равод — 472

40:41 Эй қавми ман, чи шуда, ки ман шуморо ба роҳи наҷот даъват мекунам, вале шумо маро ба оташ фаро мехонед?

40:42 Маро даъват мекунед, ки Аллоҳро инкор кунам ва чизеро, ки [дар қудрат] бо Аллоҳ таоло шарик гардонам, ки ҳеҷ иттилое аз он надорам, дар ҳоле ки ман шуморо ба сӯйи [Парвардигори] шикастнопазир ва омурзгор фаро мехонам

40:43 Ногузир он чи маро бад-он даъват мекунед, дар дунё ва охират [тавони иҷобати] дуоеро надорад ва бозгашти мо ба пешгоҳи Аллоҳ таоло аст ва исрофкорон [дар куфру гуноҳ] дузахӣ ҳастанд

40:44 Ба зудӣ суханони маро ба ёд хоҳед овард ва ман кори худро ба Аллоҳ таоло вогузор мекунам, зеро Аллоҳ таоло нисбат ба [кирдори] бандагон биност»

40:45 Пас, Аллоҳ таоло ӯро аз осеби дасисаи онон ҳифз намуд ва азоби сахт домангири фиръавниён шуд

40:46 Ҳамон оташе, ки [дар қабрҳояшон] бомдоду шомгоҳ бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад [фармон мерасад]: «Фиръавниёнро дар сахттарин азоб ворид кунед»

40:47 Он гоҳ ки дар оташи дузах кашмакаш [муҷодала] мекунанд, мардумони зердаст ба роҳбарони гумроҳгар мегӯянд: «Мо пайрави шумо будем, оё мумкин аст бахше аз азоби оташро аз мо дур кунед?»

40:48 Роҳбарони гумроҳгар мегӯянд: «Бе тардид, ҳамаи мо дар оташ хоҳем буд. Аллоҳ таоло миёни бандагонаш доварӣ кардааст»

40:49 Ва касоне, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони дузах мегӯянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед, ки барои як рӯз ин азобро аз мо бардорад»