>

Маркази тарҷумаи Равод — 471

40:34 Пеш аз ин низ Юсуф бо далоили равшан наздатон омад, аммо шумо аз он чи бароятон оварда буд, пайваста дар шак будед, то замоне, ки аз дунё рафт [ва бар тардидатон афзуда шуд]. Он гоҳ гуфтед: «Аллоҳ таоло ҳаргиз пас аз вай паёмбареро мабъус нахоҳад кард». Аллоҳ таоло исрофкори бадгумонро ин гуна гумроҳ месозад

40:35 Касоне, ки дар мавриди оёти илоҳӣ, бе он ки далеле дошта бошад, ба муҷодала бармехезад, [рафторашон] назди Аллоҳ таоло ва муъминин сахт нописанд аст. Аллоҳ таоло ин гуна бар дили ҳар мутакаббири худкома муҳр [-и ғафлат] мезанад

40:36 Фиръавн [ба вазираш] гуфт: «Эй Ҳомон, барои ман бинои баланде бисоз, шояд ба роҳҳое бирасам

40:37 Роҳҳое дар осмонҳо [ки маро то Арши илоҳӣ бибарад], то ба маъбуди Мӯсо бингарам [ва аз Ӯ огоҳ шавам], ҳарчанд, ман қатъан ӯро дурӯғгӯ мепиндорам». Бад-ин сон зиштии кирдори Фиръавн [дар назарш] ороста гашт ва аз роҳ [-и ҳақ] бозмонд ва найранги Фиръавн ба зиён ва табоҳӣ анҷомид

40:38 Он марди муъмин гуфт: «Эй қавми ман, аз ман пайравӣ кунед, то шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунам

40:39 Эй қавми ман, ин зиндагии дунё баҳрае [андак ва зудгузар] аст ва охират сарои ҷовидон аст

40:40 Ҳар ки кори баде муртакиб шавад, ба таносуби он кайфар хоҳад дид ва мардон ва занони муъмин ва некукор ба биҳишт ворид мешаванд ва дар он ҷо аз неъмати бешумор бархӯрдор хоҳанд шуд