Маркази тарҷумаи Равод — 470
40:26 Фиръавн гуфт: «Бигузоред, то Мӯсоро бикушам ва [чун касеро надорад] ногузир аст Парвардигорашро ба ёрӣ бихонад [ва ман аз вай ҳаросе надорам]. Метарсам, ки ӯ динатонро дигаргун созад ё дар ин сарзамин табоҳӣ ба бор оварад»
40:27 Мӯсо гуфт: «Ман аз [шарри] ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, ба Парвардигори хеш ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам»
40:28 Ва марди муъмине аз хонаводаи Фиръавн, ки имонашро пинҳон медошт, гуфт: «Оё мехоҳед ин мардро [фақат ба хотири ин ҷурм] бикушед, ки мегӯяд: «Парвардигорам Аллоҳ таоло аст» ва [дар таъйиди суханаш низ] далоили равшане аз сӯйи Парвардигратон барои шумо овардааст? Агар дурӯғгӯ бошад, [гуноҳи] дурӯғаш бар уҳдаи худи ӯст ва агар рост гуфта бошад, [дасти кам] бархе аз азобҳое, ки ваъда медиҳад, ба шумо хоҳад расид
40:29 Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки исрофкору дурӯғгӯст, ҳидоят намекунад. Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ дар ихтиёри шумост ва дар ин сарзамин султа доред, вале агар сахтгирии Аллоҳ таоло домангирамон шавад, чи касе моро ёрӣ хоҳад кард»? Фиръавн гуфт: «Ман фақат он чиро салоҳ медонам, мегӯям ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят мекунам»
40:30 Он марди муъмин гуфт: «Эй қавми ман, метарсам азобе ҳамчун азоби ақвоми пешин [ки аз паёмбаронашон сарпечӣ карданд] бар саратон биёяд
40:31 Монанди шеваи [азоби] қавми Нуҳ ва Оду Самуд ва касоне ки баъд аз онон буданд, дар ҳоле Аллоҳ таоло ситаме барои бандагонаш намехоҳад
40:32 Ва эй қавми ман, бар шумо аз рӯзе метарсам, ки мардум ба фарёд аз якдигар ёрӣ мехоҳанд
40:33 [Ҳамон] Рӯзе, ки ҳамагӣ [аз тарс] ба ақиб боз мегардед ва дар баробари [муҷозоти] Аллоҳ таоло ҳеҷ муҳофизе надоред ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт