>

Маркази тарҷумаи Равод — 468

40:8 Парвардигоро, онон ва падарон [ва модарон] ва ҳамсарону фарзандони солеҳашонро дар боғҳои ҷовидони биҳишт, ки ваъда додаӣ, дохил кун, ки бе тардид, Ту шикастнопазиру ҳакимӣ

40:9 [Бор илоҳо] Ононро аз [кайфари] бадиҳо ҳифз кун ва ҳар киро дар он рӯз аз [кайфари] бадиҳо нигоҳ дорӣ, фарогирифтаи раҳматат қарор додаӣ. Ин ҳамон комёбии бузург аст»

40:10 Ва кофиронро [дар дузах] нидо медиҳанд, ки: «Душманӣ ва хашми Аллоҳ таоло сахттар аз душманӣ ва хашми шумо нисбат ба худатон аст, чаро ки ба имон даъват мешудед, вале [бо душманӣ нисбат ба худ ақидаи тавҳидро] инкор мекардед»

40:11 Онон [дар посух] мегӯянд: «Парвардигоро, моро ду бор мирондӣ ва ду бор зинда кардӣ, пас, [акнун ки] ба гуноҳони худ эътироф кардем, оё роҳе барои хуруҷ [аз дузах] вуҷуд дорад»?

40:12 [Ба онон гуфта мешавад] «Ин [азоб] бад-он сабаб аст, ки чун Аллоҳ таоло ба яктоӣ хонда мешуд, инкор мекардед, вале агар ба Ӯ ширк оварда мешуд, имон меовардед. [Акнун] Доварӣ аз они Аллоҳи баландмартабаи бузург аст»

40:13 Ӯст, ки нишонаҳои [тавон ва тадбири] худро ба шумо ироа медиҳад ва бароятон [бо нузули борон] аз осмон рӯзӣ мефиристад, вале танҳо касоне панд мегиранд, ки [холисона ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кунанд

40:14 [Танҳо] Аллоҳро бо хулуси эътиқод бихонед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд

40:15 Ӯ дорои дараҷоти рафеъ ва соҳиби Арш аст ва ба сӯйи ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба фармони хеш ваҳй мефиристад, то [ба онон] дар бораи рӯзи мулоқот ҳушдор диҳад

40:16 Он рӯз, ки мардум ҳозир ва намоён мешаванд ва чизе аз онон бар Аллоҳ таоло пӯшида нахоҳад монд [Аллоҳ таоло мефармояд]: «Имрӯз фармонравоӣ аз они кист»? [Он гоҳ худ мефармояд] «Аз они Аллоҳи ягонаи пирӯзманд»