>

Маркази тарҷумаи Равод — 467

39:75 [Дар он рӯз] Фариштагонро хоҳӣ дид, ки перомуни Арш ҳалқа задаанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд. Ва миёни мардум ба ҳаққу адолат доварӣ хоҳад шуд ва гуфта мешавад: «Ситоишу сипос махсуси Аллоҳ таоло Парвардигори ҷаҳониён аст»

40:1 Ҳо, мим.[1]

40:2 Нузули [ин] китоб аз сӯйи Аллоҳи шикастнопазири доност

40:3 [Парвардигоре, ки] Омурзандаи гуноҳ ва тавбапазир, сахткайфар ва неъматбахш аст. Ҳеҷ маъбуде ба [ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст

40:4 Танҳо кофирон ҳастанд, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, пас, мабодо рафтуомадашон дар шаҳрҳо [барои тиҷорату баҳрамандиашон аз неъматҳои дунё] туро бифиребад

40:5 Пеш аз онон қавми Нуҳ ва пас аз онон низ гурӯҳҳои дигаре [ҳамчун қавми Од ва Самуд ва Лут низ паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд ва ҳар қавме хост паёмбарашро дастгир кунад [ва ба қатл бирасонад]. Онон ба ботил муҷодала карданд, то бад-он васила ҳақро аз миён бардоранд. Ман низ ононро азоб кардам. [Пас, бингаред, ки] азоби Ман чи гуна буд

40:6 Ва фармони азоби Парвардигорат дар бораи кофирон инчунин ба таҳаққуқ пайваст, ки онон аҳли оташанд

40:7 Фариштагоне, ки Аршро ҳамл мекунанд ва онон, ки гирди он ҳалқа задаанд, Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва ба Ӯ имон доранд ва [ин гуна] барои аҳли имон омурзиш мехоҳанд: «Парвадигоро, раҳмат ва донишат ҳар чизеро фаро гирифтааст, пас, касонеро, ки тавба карданд ва пайрави роҳи Ту шуданд, биёмурз ва аз азоби дузах нигаҳ дор»