>

Маркази тарҷумаи Равод — 465

39:57 Ё [гуноҳи худро бар гардани тақдир наандозад ва] нагӯяд: «Агар Аллоҳ таоло маро ҳидоят карда буд, қатъан, парҳезкор будам»

39:58 Ё ҳангоме ки азобро мебинад, нагӯяд: «Эй кош, бозгаште [ба дунё] доштам, то дар зумраи некукорон қарор мегирифтам»

39:59 [Аллоҳ таоло мефармояд] «Оёти Ман бароят омад ва ту онҳоро дурӯғ пиндоштӣ ва такаббур намудӣ ва куфр варзидӣ»

39:60 Ва рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бастаанд, сияҳрӯй мебинӣ. Оё дар дузах ҷойгоҳе барои мутакаббирон нест»?

39:61 Аллоҳ таоло парҳезкоронро бо ворид кардан ба макони комёбиашон, [аз азоб] наҷот медиҳад. [Дар биҳишт] На ранҷе ба онон мерасад ва на андуҳгин мешаванд

39:62 Аллоҳ таоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст

39:63 Калиди ганҷинаҳои осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва касоне, ки ба оёти илоҳӣ кофир шуданд, қатъан, зиёнкоранд

39:64 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй бехабарон, оё ба ман фармон медиҳед, ки [маъбуде] ғайр аз Аллоҳро парастиш кунам?!»

39:65 Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки: «Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд

39:66 Балки танҳо Аллоҳро парастиш кун ва сипосгузор бош»

39:67 Мушрикон Аллоҳро чунон ки сазовори Ӯст, арҷ наниҳоданд, ҳол он ки дар рӯзи қиёмат замин яксара дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо ба дасти Вай дарҳампечида хоҳад шуд. Поку муназзаҳ аст Аллоҳ таоло ва аз он чи бо вай шарик месозанд, бартар аст