Маркази тарҷумаи Равод — 464
39:48 [Дар он рӯз] Дастоварди зишташон бар онон ошкор мешавад ва азобе, ки масхара мекарданд, домангирашон хоҳад шуд
39:49 Ҳар гоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне шавад, Моро [ба ниёиш] мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате ба вай арзонӣ дорем, мегӯяд: "Фақат [лаёқат ва] доноии худам муҷиби ин неъмат шудааст. [На] балки ин озмоиш [-и илоҳӣ] аст, вале бештари мардум намедонанд
39:50 Пешиниёнашон ҳам ҳамин суханро гуфтанд, вале [ба ҳангоми азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт
39:51 Ва [уқубати] дастоварди зишташон домангирашон шуд. Ин ситамгорон [-и мушрик] низ ба уқубати дастовардашон гирифтор хоҳанд шуд ва [Парвардигори мутаолро] ба танг нахоҳанд овард
39:52 Оё мушрикон намедонанд, ки Аллоҳ таоло [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар касе, ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад? Бе гумон, дар ин амр барои муъминон нишонаҳое [аз тадбири илоҳӣ] аст
39:53 [Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст
39:54 Пеш аз он ки азоб ба суроғатон биёяд ва ҳеҷ кас натавонад ёриатон кунад, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва таслими [фармони] Ӯ гардед
39:55 Ва пеш аз он ки ногаҳон, дар ҳоле ки ғофилед, азоб ба суроғатон биёяд, аз беҳтарин дастурҳое, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед
39:56 [Ҳам акнун барҳазар бошед] то касе [дар рӯзи қиёмат] нагӯяд: «Эй дареғ бар ман, ки дар ҳаққи Аллоҳ таоло кӯтоҳӣ намудам ва [муъминонро] масхара мекардам»!