>

Маркази тарҷумаи Равод — 463

39:41 Ин китоби осмониро барои [ҳидояти] мардум, барҳақ бар ту нозил кардем. Ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки гумроҳ гашт, ба зиёни хеш гумроҳ шудааст ва ту [нигаҳбон ва] корсозашон нестӣ [ки ононро ба ҳидоят иҷбор кунӣ]

39:42 Аллоҳ таоло ҷонҳоро дар лаҳзаи марг мегирад ва[низ] ҷони касеро, ки намурдааст, ба ҳангоми хобаш [мегирад], он гоҳ ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо рондааст, нигаҳ медорад ва ҷони дигаронро бозпас мефиристад, то ҳангоми муайян [марг]. Дар ин [амр] барои ҳар ки биандешад, нишонаҳое [аз қиёмат] аст

39:43 Оё мушрикон ғайр аз Аллоҳ таоло [барои худ аз миёни бутҳо] шафоаткунандагоне интихоб кардаанд? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳатто агар онҳо молики чизе набошанд ва [чизеро] дарк накунанд [боз ҳам онҳоро ба шафоат металабед]»?

39:44 Бигӯ: «Шафоат ба тамомӣ аз они Аллоҳ таоло аст. Фармонравоии осмонҳо ва замин низ аз они Ӯст ва ниҳоятан [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед»

39:45 Ҳангоме ки Аллоҳ таоло ба яктоӣ [ва тавҳид] ёд мешавад, дилҳои касоне, ки ба охират имон надоранд, мутанаффир [ва безор] мегардад. Ва чун аз маъбудоне ғайр аз Аллоҳ таоло ёд шавад, он гоҳ аст, ки мушрикон шодмон мегарданд

39:46 Бигӯ: «Бор илоҳо, [эй] офаринандаи осмонҳо ва замин, эй донои ниҳону ошкор, Ту дар миёни бандагонат дар мавориди ихтилофашон доварӣ хоҳӣ кард»

39:47 Агар ду баробари он чи дар замин аст, дар ихтиёри ситамгорон [мушрикон] бошад, ҳамаро барои наҷоти худ аз сахтии азоби рӯзи қиёмат фидо мекунанд [Вале пазируфтанӣ нест]. Ва аз ҷониби Аллоҳ таоло умуре барояшон ошкор мегардад, ки тасаввурашро ҳам намекарданд