>

Маркази тарҷумаи Равод — 462

39:32 Ва кист ситамгортар аз он ки ба Аллоҳ таоло, дурӯғ нисбат медиҳад ва сухани ростеро, ки ба вай расидааст, дурӯғ мешуморад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?

39:33 Аммо онон, ки паёми ростин биёваранд [ва дигаронро ба пазириши он даъват кунанд] ва худ низ онро тасдиқ намоянд, ба ростӣ, парҳезгоранд

39:34 Ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Подоши некукорон ҳамин аст

39:35 То Аллоҳ таоло бадтарин рафторашонро аз [корномаи] онон бизудояд ва бар асоси беҳтарин аъмолашон ба эшон подош диҳад

39:36 Оё Аллоҳ таоло барои дифоъ аз бандааш кофӣ нест? Аммо мушрикон туро аз бутҳо ва маъбудонашон метарсонанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт

39:37 Ва ҳар киро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ҳеҷ кас гумроҳаш нахоҳад сохт. Оё Аллоҳ таоло шикастнопазиру додситон нест?!

39:38 [Эй Паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Ба онон бигӯ: «Пас, ба назари шумо, агар Аллоҳ таоло нохушӣ ва ранҷе бароям бихоҳад, оё он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, метавонанд осебашро бартараф кунанд? Ё агар Аллоҳ таоло раҳмате барои ман бихоҳад, оё метавонанд монеаш шаванд?» Бигӯ: [Пуштибонии] Аллоҳ таоло бароям кофӣ аст. Аҳли таваккал танҳо бар Ӯ таваккал мекунанд»

39:39 Бигӯ: «Эй қавми ман, шумо бар ҳол [ва вазъи ширкомез]-и худ бошед, ман низ [ба вазоифи худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист,

39:40 [Ба зудӣ хоҳед донист, ] ки кист он ки [дар дунё] гирифтори азоби расвогар мешавад ва [дар охират] азоби поянда бар сараш меборад»