>

Маркази тарҷумаи Равод — 460

39:11 Бигӯ: «Ман маъмурам бо хулуси эътиқод Аллоҳро бипарастам

39:12 Ва маъмур шудаам нахустин касе [дар ин уммат] бошам, ки таслим [маҳз дар муқобили Парвардигор] аст»

39:13 Бигӯ: «Агар дар баробари Парвардигорам нофармон бошам, аз азоби рӯзи бузург [қиёмат] метарсам»

39:14 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман Аллоҳро бо хулуси эътиқоди худ мепарастам

39:15 Шумо низ ғайр аз Аллоҳ таоло ҳар чиро мехоҳед, бипарастед». Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст

39:16 Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ таоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед

39:17 Башорат барои касонест, ки аз парастиши тоғут [бутҳо] иҷтиноб варзиданд ва [тавбакунон] ба даргоҳи илоҳӣ бозгаштанд. Пас, [эй паёмбар] ба бандагонам [биҳиштро] башорат бидеҳ

39:18 [Ҳамон] Касоне, ки сухан [-ҳои мухталиф]-ро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда ва хирадманданд

39:19 Оё касеро, ки фармони муҷозот бар ӯ қатъӣ шудааст [метавон ҳидоят намуд]? Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст, наҷот диҳӣ?

39:20 Аммо касоне, ки аз Парвардигорашон парво доранд, [дар биҳишт] ғурфаҳое доранд, ки бар фарози онҳо ғурфаҳое [дигар] сохта шудааст [ва] аз зери онҳо ҷӯйборҳо ҷорист. Аллоҳ таоло [ба дурустӣ] ваъда додааст ва ваъдахилофӣ намекунад

39:21 Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло бороне аз осмон фиристод ва онро [ба сурати] чашмаҳое дар замин ҷорӣ сохт. Он гоҳ ба василаи он киштзоре бо рангҳои гуногун падид меоварад. Сипас пажмурда мегардад ва мебинӣ, ки зард шудааст. Он гоҳ онро хурду хошок месозад? Бе тардид, дар ин [дигаргуниҳо] панде барои хирадмандон аст