Маркази тарҷумаи Равод — 46
2:270 Ҳар чизе, ки инфоқ кунед ё ҳар назре, ки [бо худ] аҳд кунед, ҳатман, Аллоҳ таоло онро медонад [Ҳар ки аз иҷрои фармудаҳои илоҳӣ ҷилавгирӣ кунад, ситамгор аст] ва ситамгорон [дар охират] ҳеҷ ёваре надоранд
2:271 Агар садақаҳоро ошкор кунед, чи накуст! Ва агар онхоро пинҳон доред ва ба тиҳидастон бидиҳед, бароятон беҳтар аст ва [ин гуна садақаи холисона ва пинҳонӣ] аз гуноҳонатон мезудояд; ва [бидонед, ки дар ҳама сурат] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
2:272 [Эй паёмбар] Ҳидояти онон бар уҳдаи ту нест; балки Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; ва [эй муъминон] он чи аз моли [худ] инфоқ мекунед, ба суди худатон аст ва [ба ёд дошта бошед, ки] ҷуз барои хушнудии Аллоҳ таоло инфоқ накунед; ва он чи аз мол инфоқ мекунед, [подошаш] ба таври комил ва тамом ба шумо дода мешавад ва [ҳаргиз] ситам нахоҳед дид
2:273 [Садақоти шумо] Барои афроди тангдасте аст, ки худро вақф [-и ҷиҳод] дар роҳи Аллоҳ таоло кардаанд ва наметавонанд [барои таъмини харҷҳои зиндагӣ] дар замин сафар кунанд. Аз шиддати [наҷобат ва] хештандорӣ афроди ноогоҳ ононро бениёз мепиндоранд. Эшонро аз нишонаҳояшон [ки дар либосу вазъияти зоҳириашон ошкор аст, ба таври ошкор] мешиносӣ [ва онон ҳаргиз] бо исрор чизе аз мардум намехоҳанд; ва он чи аз мол инфоқ мекунед, ҳатман, Аллоҳ таоло аз он огоҳ аст
2:274 Касоне, ки амволи худро дар шабу рӯз, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд